Вокуниш ба матлаби «Як мактаби куҳна дар Муъминобод боиси шармандагӣ мешавад» дар ҳафтаномаи “Пайк”

26-04-2024
Раёсати маорифи вилояти Хатлон бо мақсади иҷрои саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор” матлабҳои таҳлилию танқидии расонаҳои хабариро ба таври фаврӣ пайгирӣ карда, барои мусоидат дар ҳалли мушкилоти мавҷуда тадбирендешӣ менамояд. Аз ҷумла, матлаби “Як мактаби куҳна дар Муъминобод боиси шармандагӣ мешавад” дар саҳифаи Фейсбукии нашрияи “Пайк” ба табъ расидаро мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода, барои дақиқ намудани вазъи воқеӣ гурӯҳи корӣ таъсис дод.
Гурӯҳи кории Раёсати маорифи вилояти Хатлон аз шароити таълиму тарбия дар муассисаи мазкур дидан ба амал оварда, аз масъулин ва роҳбарияти муассисаи таълимӣ оид ба далелҳои дар маводи болозикр қайдгардида маълумот гирифтанд.
Лозим ба қайд аст, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 ноҳияи Муъминобод соли 1976 дар масоҳати 0,35 га замин таъсис ёфтааст. Муассисаи мазкур дорои 8 синфхона мебошад, ки  айни замон дар ду баст 243 нафар хонандагон, аз ҷумла 135 нафар духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ба таълиму тарбияи хонандагон 20 нафар омӯзгорон (8 нафар бо таҳсилоти олӣ, 3 нафар бо таҳсилоти олии нопурра ва 7 нафар бо таҳсилоти миёнаи махсуси омӯзгорӣ) машғуланд. 
Ба иттилои роҳбарияти муассисаи таълимӣ омӯзгори фанни забони англисӣ айни вақт  дар рухсатии ҳомиладорӣ қарор дорад. Аз ин лиҳоз, эҳтиёҷот мувақатан ба омӯзгори фанни мазкур ба миён омадааст. Барои мусоидат дар ҳалли масъалаи мазкур аз тарафи роҳбарияти муассиса ба Шуъбаи маорифи ноҳия  муроҷиат ва дархост пешниҳод гардида, ҷиҳати  ҳалли масъала корбарӣ рафта истодааст.
Дар муассиса 6 адад компютер барои таълими фанни технологияи иттилоотӣ барои хонандагони синфҳои 5-11 мавҷуд мебошад. Хонандагон аз рӯйи нақшаи таълимӣ ба омӯзиши фанни номбурда фаро гирифта шудаанд.
Сохтмони бинои нави муассиса бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар арафаи анҷомёбӣ ва истифода қарор дорад. Сохтмони бино аз ду ошёна иборат буда, дорои 10 синфхона, ҳуҷраи кории директор, муовинон, созмони хонандагон, хонаи омӯзгорон иборат мебошад. Корҳои сохтмонии бинои нави муассиса дар сатҳи 90% иҷро гардида, дар арафаи анҷомёбӣ мебошад. Эҳтимоли баистифодадиҳии бинои нави муассисаи таълимӣ ба оғози соли таҳсили 2024 - 2025 рост меояд.
Ёдовар мешавем, ки Раёсати маорифи вилояти Хатлон бо васоити ахбори омма мунтазам дар ҳамкорӣ буда, ҷиҳати беҳтар намудани сифати таҳсилот ва шароити таълим тадбирҳои судмандро роҳандозӣ менамояд.

Бахши матбуоти Раёсати
маорифи вилояти Хатлон