Ҷавоб ба мақолаи “Ҳодисае дар Литсейи президентӣ” - и Мирзо Содиқ, (“СССР”, аз 9.12.2021, №49 (690))

21-12-2021
Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара мақолаи “Ҳодисае дар Литсейи президентӣ” - и Мирзо Содиқ, (“СССР”, аз 9.12.2021, №49 (690)) – ро мавриди баррасӣ қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки Муҳаммадиқболи Ориёинажод соли 2020-ум ба муассисаи таълимии давлатии Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар ноҳияи Данғара қабул карда шудааст. Соли хониши 2020 – 2021 дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни ҳуқуқ ҷои сеюмро ишғол кардааст. Дар ҳамин сол дар қатори ӯ ду ҳамсинфи дигараш – Маҳмадалиев Ардашер ва Қурбонзода Худойдод низ аз ҳамин фан дар ҷумҳурӣ ҷои якумро ишғол карда буданд. Дар маҷмӯъ бошад, хонандагони ҳамин мактаб дар ҷамъбасти соли хониши 2020 - 2021 танҳо аз Олимпиадаҳои чумҳуриявӣ соҳиби 63 медал гардиданд. Вобаста ба матолиби дар ҳафтаномаи “СССР” ба нашр расида, иттилоъ медиҳем, ки Муҳаммадиқбол дар хониш ва интизом ду паҳлӯи ба ҳам зидди як одам мебошад. Донишаш бад набуда, ҳамзамон ҳамеша аз ҳамсинфон, мураббиён ва ҳатто аз омӯзгорон нисбати интизомаш шикоятҳо шунида мешуд. Дар рафтору гуфтори худ як одати нохубе дошт, ки суханаш бештар вақт дар дараҷаи муайян хусусияти таҳқирнамоӣ ба ягон шахсро дорад. Ҳамин амалаш ӯро тез – тез дучори муноқиша мегардонад. Дар ҳамон рӯзи ҷангашон бо Саломов Сорбон, аввал бо ҳамсинфи дигараш Раҳматов Ҳабибулло задухӯрд мекунад. Падараш дар суханаш қайд кардааст, ки Саломов Сорбон ҷуссааш нисбати фарзанди ӯ бузург аст, ӯ бояд ҳамсинфи дигараш – Раҳматов Ҳабибуллоро низ медид, то нисбати фарзандаш чӣ қадар хурд мебошад. Фарзандаш ӯро аввал таҳқир карда, баъдан даст ба гиребон шуда буд. 
“Нисбати он ки ӯро касе ба беморхона набурдааст, дурӯғ аст, чунки шахсан ман ҳамон рӯз чандин маротиба ба ӯ муроҷиат кардам, ки биё ба назди духтур равем, хонанда розӣ нашуд. Биниаш нашикаста буд ва ба шикастагӣ ҳам монандӣ надошт”, - иброз медорад Абдусалом Юсупов – роҳбари синфи Муҳаммадиқбол
Бино ба гуфтаи Ҳабибулло Раҳматов – хонандаи синфи 9 – и муассисаи таълимии мазкур дар хобгоҳ, ҳамон рӯз Муҳаммадиқбол номи ӯро ба таври таҳқиромез гирифта, фарёд кардааст. Ҳабибулло нисбати ин амали ӯ муқобил баромадаааст. Муҳаммадиқбол ин амалашро чанд маротиба такрор карда, дар охир корро ба задухӯрд расонидааст. Дар рафти даст ба гиребон шудан, ҳардуяшон ягон зарари ҷисмонӣ надидаанд.
“Дар ҷои дастурушӯӣ, вақте ман рӯй мешустам, Муҳаммадиқбол нисбати модари Раҳматов Ҳабибулло ҳақорат медод, ман гуфтам, ҳақорат додан нодуруст аст. Ӯ бошад нисбати дасти шикастаи гаҷпечи ман ҳақорат кард. Баъди ҳақораташро чанд маротиба такрор кардан, бо сарам ба рӯяш задам. Муҳаммадиқбол аввал сарашро каме хам карда истоду баъдан бо тамоми овоз дод зада, ҳақорат карда баромада рафт. Ягон лаҳза беҳуш нагардид. Вақте моро мураббиамон Табаров Фирӯз барои ин амаламон сарзаниш кард, ман аз Муҳаммадиқбол ӯзр пурсида, ба вай пешниҳод намудам, ки назди духтур меравем, то бинниатро ташхис намоянд ва ҳамаи хароҷоташро ман ба зимма мегирам, аммо дар ҷавоб боз сухани қабеҳ шунидам”, - чунин нақл мекунад Сорбон Саломов – хонандаи синфи 9.
Табаров Фирӯз – мураббии Муҳаммадиқбол оиди одобу рафтори ӯ сухан ронда мегӯяд, ки беҳурматӣ, дағалгӯӣ ва мазоҳ кардани Муҳаммадиқболро нисбати ҳамсинфону дигар хонандагон дар ҳар сари қадам вохӯрдан мумкин буд. Дараҷаи фаҳмишаш хуб буд, лекин интизомаш қаноатбахшкунанда набуд. Вақте бо маълумотҳои дар мақола пешниҳодгардида шинос гардидам, як чиз маро дар ҳайрат гузошт, ки падари Муҳаммадиқбол ҳангоми баёни фикри хеш ба хотир наовард, ки дар забонхати бо имзои худаш дар дасти ман буда, ӯ беадабии фарзандашро тасдиқ карда, бахшиш низ пурсидааст. Дар давоми се моҳи хониш фарзандаш барои ҷангу ҷанҷол ва вайрон кардани қоидаҳои дохилимактабӣ се маротиба баёнот навиштаасту боз ваъда додааст, ки минбаъд ба ҳамин амалҳо даст намезанад. Фарзандаш худаш намехост, дигар дар ҳамин мактаб таҳсил намояд.
“Дар ҳақиқат Муҳаммадиқбол соли гузашта дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни ҳуқуқ ҷои сеюмро гирифта буд. Имсол бошад, дар даври мактабӣ ва ноҳиявӣ нишондиҳандаи аз ҳама пасттарин нишон дод. Оиди нахондани вай падарашро тариқи телефонӣ чандин маротиба огоҳ карда будам. Дар рафти маҳфилҳо барои бетайёрӣ ҳозир гардиданаш ва ба хонандагони дигар халал расониданаш, чанд маротиба ӯро танбеҳ дода, огоҳ кардам, ки аз маҳфил озодат мекунам. Сабаби аз мактаб рафтани Муҳаммадиқбол ба фикри ман, на низоми «маҳбасӣ»-и дар мақола дарҷгардида, балки хондан нахостани худи ӯст”, - қайд мекунад Давлат Шерализода – омӯзгори таърих ва ҳуқуқи муассиса. 
Аз далелҳои дар мақола дарҷ гардида, ҷанги байни ду хонандаи синфи 9 Муҳаммадиқбол ва Сорбон тасдиқ гардид. Кадом як шахси солим чунин ақидаро тасдиқ мекунад, ки дар байни бачаҳо ҷанги байниҳамдигарӣ ҳеҷ гоҳ рӯх намедиҳад. 
Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар ноҳияи Данғара дар миқёси ҷумҳурӣ дар қатори беҳтарин мактабҳо дониста мешавад. Нишондиҳандаҳои муассиса дар самти иштирок дар олимпиадаҳо дар миқёси ҷумҳурӣ дар ҷои аввал қарор дорад. Ҳамасола, ҳамаи хатмкунандагони мактаб ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар дохил шуда, бомуваффақият таҳсил менамоянд. Дар муассиса, хонандагон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ, ҷамъ 40 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, аҳлона, чун фарзандони як хонадон таҳсил менамоянд. Аз як ошхона хӯрок мехӯранд, дар як хобгоҳ паҳлӯи ҳам мехобанд, дар дастовардҳои якдигар аҳлона шодӣ мекунанд, аз нобарории шариконашон ғамгин мегарданд. Баъди мактабро тарк кардани Муҳаммадиқбол хонандагон ӯро як ҷузъи хеш медонанд, вале чунин ақида низ доранд, ки пос доштани эҳтиром нисбати дастархони аз он нонхӯрда, беҳтарин хислати инсонист.

Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи 
ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара