ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

03-03-2020 Шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатӣ
Сардори шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатӣ
- 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1609 сомонӣ.
 
Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус
Сармутахассиси раёсати кадрҳо ва корҳои махсус
- 3 ҷой, маоши мансабӣ - 1200 сомонӣ.
 
Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котибот
Сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котибот
-1 ҷой, маоши мансабӣ - 1200 сомонӣ.
 
Раёсати илм ва инноватсия
Мутахассиси пешбари раёсати илм ва инноватсия
-1 ҷой, маоши мансабӣ - 978 сомонӣ.
 
Талабот ба довталабон
 
Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:
-ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида;
-варақаи баҳисобгирии кадрҳо;
-маълумотнома (объективка), хаттӣ ва электронӣ
-тарҷумаи (шарҳи) ҳол;
-4 дона расми 3х4;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ бо тасдиқи хадамоти кадрӣ;
-рақами мушаххаси андозсупоранда;
-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038;
-маълумотнома аз ВКД (оид ба доғи судӣ надоштан);
-тавсиянома;
-нусхаи санҷиши изи панҷаҳои даст (дактилоскопӣ);
-нусхаи рақами суғуртаи иҷтимоии давлатӣ (РИС/СИН);
-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
 
Талаботҳои тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансабҳои
холии маъмурии хизмати давлатӣ
1. Талаботи тахассусӣ барои мансаби сардори шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатӣ -таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси иқтисодчӣ ё ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
-малакаи кор бо компютер, аз ҷумла барномаҳои Microsoft Office (Word, Power point, Excel).
 
2.Талаботи тахассусӣ барои мансаби сармутахассисони раёсати кадрҳо ва корҳои махсус - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ҳуқушиносӣ ё гуманитарӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
-малакаи кор бо компютер, аз ҷумла барномаҳои Microsoft Office (Word, Power point, Excel).

3.Талаботи тахассусӣ барои мансаби сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котибот - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ҳуқушиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
-малакаи кор  бо компютер, аз ҷумла барномаҳои Microsoft Office (Word, Power point, Excel).
 
4.Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси пешбари раёсати илм ва инноватсия - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
-малакаи кор  бо компютер, аз ҷумла барномаҳои Microsoft Office (Word, Power point, Excel).
 
Нишонии қабули ҳуҷҷатҳо: шаҳри Душанбе, кӯчаи Нисормуҳаммад 13А, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,  то 27 марти соли 2020 (ҳар рӯз аз соати 1400 то 1700) дар раёсати кадрҳо ва корҳои махсус  - ҳуҷраи 400, 412, сомона: www.maorif.tj, суроғаи электронӣ: mort@maorif.tj  ва kadr@maorif.tj, телефон: 227-67-07, 221.37.65,  факс: 221.70.25 
Озмун  рӯзи 31 марти соли 2020,  соати 10:00  баргузор мегардад.