ЭЪЛОН БАРОИ ҶОИЗАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ МАОРИФ ДАР СОЛИ 2020

05-02-2020
Ба диққати сардорони раёсатҳои маорифи вилоятҳо, шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, директорон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки ҷиҳати иштирок дар озмун барои дарёфти Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф дар соли 2020 то 20 марти соли 2020 номзадҳои худро ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда барои довталабон:
1.Тавсифнома оид ба фаъолияти меҳнатии номзад;
2.Нусхаи варақаҳои аттестатсионӣ ва баҳодиҳӣ (барои муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ);
3. Мактуб оид ба пешниҳоди номзад барои дарёфти Ҷоиза;
4. Қарори комиссияи озмунӣ оид ба пешниҳоди номзад;
5. Қарори мушовара, шӯрои педагогӣ, шӯрои олимон (замима 1);
6. Протоколи комиссияи баҳисобгирии овоздиҳии пинҳонӣ (замима 2);
7. Маълумотнома (объективка);
8. Нусхаи шиномнома;
9. 2 адад сурати рангаи 3х4;
10. Маводи иловагӣ доир ба фаъолияти номзад (рӯйхати корҳои таълимию методӣ ва илмӣ).
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Нисормуҳаммад 13А, тел: 227-67-07, 221.37.65
Қабули ҳуҷҷатҳо ҳар рӯз аз соати 14:00 то 17:00 дар Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус (ҳуҷраҳои 400, 412) сурат мегирад.