ДИҚҚАТ!!! ДИҚҚАТ!!! ДИҚҚАТ!!!

24-03-2024
Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати  директорон, омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ мерасонад, ки рӯзҳои 28-31 марти соли 2024 даври чорум (ҷумҳуриявӣ)-и олимпиадаҳои фаннии хонандагони синфи 11 дар Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе ташкил ва баргузор мегардад. 

Талабот: Иштирокчиёни олимпиадаҳои фаннӣ бо либоси мактабӣ, шиноснома ва маълумотномаи бо расм ва муҳри муассисаи таълимӣ тасдиқшуда ба олимпиада роҳ дода мешаванд. 

КУМИТАИ ТАДОРУКОТ.
Суроға: н.Сино, кӯчаи Карамов 101

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо