ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО РОҲБАРИ НАМОЯНДАГИИ БАРНОМАИ ОЗУҚАВОРИИ ҶАҲОНИИ СММ ДАР ТОҶИКИСТОН (БОҶ СММ)

31-10-2023
Имрӯз, 31 октябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо роҳбари Намояндагии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар Тоҷикистон (БОҶ СММ) ҷаноби Адҳам Мусаллам баргузор гардид.
Зимни сухани ифтитоҳӣ Раҳим Саидзода меҳмононро ба Вазорати маориф ва илм хушомадед гуфта, аз рушди ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ изҳори қаноатмандӣ намуд. Қайд гардид, ки Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар Тоҷикистон аз соли 1993 инҷониб фаъолият намуда, татбиқи барномаи ғизои мактабиро дастгирӣ менамояд. 
Дар навбати худ Адҳам Мусаллам қайд намуд, ки Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар Тоҷикистон ҳамеша ҷиҳати рушди ҳамкориҳо ва иҷрои лоиҳаҳои муштарак бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст ва тавсеаи ҳамкориҳо боиси пешрафту тараққиёти ҷонибҳо мебошад.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон