ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ПРЕЗИДЕНТИ ШАРИКИ ГЛОБАЛӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ

05-12-2023
5 декабри соли 2023 дар шаҳри Занзибари Танзания дар ҳошияи дуюмин ҷаласаи Шӯрои директорони Шарики Глобалӣ дар соҳаи маориф вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо Президенти Шарики Глобалӣ дар соҳаи маориф ҷаноби Ҷакая Киквете вохӯрӣ намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба як қатор масъалаҳои муҳими соҳаи маориф, махсусан , рушди ҳамкориҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шарики Глобалӣ дар соҳаи маориф табодули афкор намуданд. Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аъзоёни фаъоли Шарики Глобалӣ дар соҳаи маориф дар ҳавзаи Осиёи Марказӣ мебошад.
Ҳамчунин, дар ҷаласаи дуюми Шӯрои директорони Шарики Глобалӣ дар соҳаи маориф, ки дар кори он вазирони маориф ва  намояндагони кишварҳои шарик ширкат доранд,  масъалаҳои эълон гардидани соли 2024 - соли маориф дар Иттиҳоди Африқо, дастрасӣ ба таҳсил барои гурезагон ва маблағгузории лоиҳаҳо баррасӣ шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳошияи ҷаласаи дуюми Шӯро вазири маориф ва илм бо намояндагони кишварҳову созмонҳои гуногун вохӯриҳои судманд анҷом дода истодааст.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон