ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО САФИРИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН

23-11-2023
23 ноябри соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Саид Сарвар баргузор гардид.
Нахуст Раҳим Саидзода меҳмононро ба Вазорати маориф ва илм хушомадед гуфта, қайд намуд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм бо Ҷумҳурии Исломии Покистон дар асоси “Созишнома байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф” аз соли 2004 ва “Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ” аз соли 2014 ба роҳ монда шуда, сол то сол рушд намуда истодааст.
Дар навбати худ Муҳаммад Саид Сарвар омодагии ҷониби Ҷумҳурии Исломии Покистонро ҷиҳати дар сатҳи хубтар ба роҳ мондани ҳамкориҳо иброз дошта, оид ба ҳамкории тарафҳо дар самтҳои мухталифи соҳаи маориф ишора намуд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои зиёде, аз ҷумла, ҷалби бештари довталабони покистонӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, ба роҳ мондани ҳамкории ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва ДТТ ба номи академик М.Осимиро бо ташкилоти ғайридавлатии “Нассак Консалтанс пивити элтиди”-и Ҷумҳурии Исломии Покистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон