ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО РОҲБАРОНИ МУАССИСА ВА ШИРКАТҲОИ НОШИРӢ

09-08-2023
Имрӯз, 9-уми август дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илм вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо роҳбарони муассиса ва ширкатҳои ноширӣ баргузор гардид, ки дар он муовинони вазир, роҳбарони сохторҳои дахлдори дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои зертобеи вазорат низ иштирок доштанд..
Зимни вохурӣ вазири маориф ва илм аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати то оғози соли нави таҳсил таъмин кардани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо адабиёти таълимӣ ёдовар шуда, зикр намуд, ки соли ҷорӣ дар асоси эҳтиёҷи пешниҳодкардаи раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чопи 76 номгӯй китоби дарсӣ ба теъдоди умумии 4 млн 167 ҳазор нусха ба нақша гирифта шуд.
Аз ҷониби вазири маориф ва илм ҷиҳати то оғози соли нави таҳсил ба раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъмин кардани китобҳои дарсии тозанашр, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, дар оянда бартараф кардани мушкилоти тартиби таҳия ва тақризи китобҳои дарсӣ ба масъулини Вазорат дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки барои беҳтар шудани ҳамкориҳои дуҷониба дар ин самт бояд ширкатҳои ноширӣ мувофиқи имконияти техникӣ ва иқтидори истеҳсолии корхона чопи китобҳои дарсиро ба уҳда гиранд.
Дар навбати худ роҳбарони муассиса ва ширкатҳои ноширӣ пешниҳодҳои худро вобаста ба беҳтар гардидани низоми чопи китобҳои дарсӣ ироа намуда, аз ҳамкориҳои дуҷониба бо Вазорати маориф ва илм изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаи полиграфияи кишвар ва рақобатпазир шудани маҳсулоти чопии ватанӣ чопи китобҳои дарсӣ дар дохили кишвар ба роҳ монда шудааст.
Айни ҳол Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 23 корхонаву ширкати ноширии ватанӣ дар самти чопи китобҳои дарсӣ ва маводди таълим ҳамкорӣ дорад.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон