ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР ШАҲРИ МОСКВА

17-04-2024
17-уми апрели соли равон вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар толори Донишгоҳи дӯстии халқҳои Россия бо донишҷӯёни тоҷике, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Россия таҳсил менамоянд, вохӯрӣ намуд.
Дар вохӯрӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ, масъулони Донишгоҳи дӯстии халқҳои Россия ва беш аз 500 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таълимии гуногун таҳсил менамоянд, иштирок карданд.
Дар суханронии худ вазири маориф ва илм аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, ба масъалаҳои донишомӯзии донишҷӯёни тоҷик, Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дурахшандагон" ва нақши он дар илмомӯзии ҷавонон, риояи тартибот дар кишварҳои хориҷ аз ҷониби донишҷӯёни тоҷик, дастовардҳои назарраси онҳо, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани мавқеъ ва обрӯи давлату миллат ишораҳо намуд.
Қайд гардид, ки донишҷӯёни тоҷик дар байни шаҳрвандони хориҷӣ тибқи мониторинге, ки аз ҷониби муасисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷ гузаронида шудааст, дар азхудкунии барномаҳои таълимӣ мақоми аввалро соҳиб гардидаанд, ки ин боиси ифтихор аст.
Миёни вазири маориф ва илм ва донишҷӯёни тоҷик суҳбати гарму озод сурат гирифта, вазири маориф бо вазъи буду бош ва таҳсили донишҷӯён ошноии комил пайдо намуд.
Аз ҷониби донишҷӯён фикру пешниҳодҳои судманд ироа гардид.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон