ВОХӮРИИ СУДМАНД

28-05-2022
28-уми майи соли ҷорӣ дар толори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф вохӯрии вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим Ҳамро бо муаллифони китобҳои дарсӣ, роҳбарони гурӯҳҳои ҳамоҳангсози Шӯрои миллии таҳсилот ва намояндагони муассиса ва ширкатҳои ноширӣ баргузор гардид, ки дар он, инчунин, муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷ.Ҷӯразода, муовини вазири маориф ва илм Л.Абдулхолиқзода, сардорони раёсату шуъба ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат иштирок намуданд.
Нахуст, вазири маориф ва илм Р. Саидзода вобаста ба мушкилот ва дурнамои таҳия ва нашри адабиёти таълимӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ сухан ронда, зикр кард, ки асоси ҳама гуна ислоҳоту навгонӣ дар соҳаи маориф ва беҳтар шудани сифати таҳсилот ба таҳияи китобҳои дарсии ба талаботи стандарти таҳсилот мутобиқ вобаста аст. Дар шароите, ки давлату Ҳукумат ба илму маориф ва таълиму тарбия ҳамчун пояи муҳимми давлатдорӣ ва манбаи ташаккули захираҳои инсонӣ таваҷҷуҳи хосса дорад, таъмини муҳассилини ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо китобҳои дарсӣ ва омӯзгорон бо маводи методӣ муҳимтарин омили пешрафти ин соҳа ба ҳисоб меравад.
Дар идома, вазир зикр кард, ки ҳарчанд аз соли 2000-ум то имрӯз аз ҷониби Вазорати маориф ва илм нашри 724 номгӯй китоби дарсӣ (бо назардошти нашрҳои такрорӣ) бо теъдоди 48 миллиону 394 ҳазору 611 нусха ба роҳ монда шуда бошад ҳам, аммо ҳанӯз норасоии китобҳои дарсӣ дида мешавад, ки яке аз сабабҳои он ҳамасола зиёд шудани шумораи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мебошад.
Танҳо давоми соли 2021 ва панҷ моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 4 миллиону 700 ҳазору 81 нусха китоби дарсӣ ва 210 ҳазору 457 нусха маводи таълим дастрас карда шудааст. 
- Ба назари мо, дар баробари таҳия ва таҷдиди назар шудани мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ, бояд мову шумо ба он нукта таваҷҷуҳ кунем, ки хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар дар рӯҳияи худогоҳиву шинохти асолати миллӣ ва гузаштаи пурҳикмату наҷиби таърихӣ ба камол расанд. Барои тарбияи маънавии насли наврас бояд чунин китобҳоеро пешниҳод кард, ки ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ ҷавобгӯ бошанд, – зикр кард вазир. – Рушди мактаби миллии китобнависӣ дар шароити таҳаввулоти ҷаҳонии илму техника ва сифати нави таҳсилот тақозо мекунад, ки таҳияву таълифи барномаи таълим ва китоби дарсӣ бо назардошти навгониҳои муосири илму маориф, ба стандартҳои давлатӣ ва байналмилалии таълим ва дастовардҳои эътирофгардидаи илм асоснок шудани мазмуну мундариҷаи барномаҳои таълим ва китобҳои дарсӣ, мувофиқат ба синну соли хонанда, ба инобат гирифтани талаботи психологӣ, завқи хонанда, риояи меъёрҳои забон ва аз лиҳози эстетикӣ мувофиқ будани расму матнҳо ва ғайра ба роҳ монда шавад. 
Яке аз масъалаҳои дигари ҳалталаб, ки боиси камтаваҷҷуҳии муаллифон барои навиштани китобҳои дарсӣ мегардад, кам будани ҳаққи қалам аст. Бинобар ин, Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ вазифадор карда мешавад, ки роҳҳои зиёд кардани ҳаққи қалами муаллифонро омӯхта, барои ҳавасмандгардонии муаллифони китобҳои дарсӣ (баланд бардоштани ҳаққи қалами муаллифон, ба осоишгоҳҳо фиристодан, ба муддати муайян ба рухсатии эҷодии фиристодан, ба мукофотҳои соҳавиву давлатӣ пешниҳод кардани онҳо) пешниҳод манзур намояд.
Таҳия, тарҷума ва нашри адабиёти таълимӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон ба забонҳои ғайридавлатӣ низ самти дигари соҳаро ташкил медиҳад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Вазорати маориф ва илм ба мушкилиҳои муассисаҳои таълимии ғайритоҷикӣ ва ба роҳ мондани омӯзиши таъриху фарҳанги тоҷикӣ дар ин муассисаҳо диққати махсус дода, барои ҳал кардани масъалаҳои атрофи онҳо кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳад. Барои бо забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ ва туркманӣ тарҷума кардани китобҳои дарсии дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон амалкунанда аз соли 2020 гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудааст. 
Дар идома зикр гардид, ки имрӯз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 19 муассиса ва ширкатҳои ноширӣ дар самти чопи адабиёти таълимӣ ҳамкорӣ дорад. Айни замон чопи 38 номгӯй китоби дарсӣ бо теъдоди 3 миллиону 830 ҳазору 440 нусха дар чопхонаҳои ватанӣ идома дошта, давра ба давра нашр ва тибқи эҳтиёҷоти пешниҳодшуда ба шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастрас гардонида мешаванд. 
Сипас, як гурӯҳ муаллифони китобҳои дарсӣ, аз ҷумла Ф. Комилиён, А. Шарифзода, М. Нугмонов, Т. Зиёзода таклифу пешниҳодоти худро вобаста ба беҳтар гардидани раванди таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ манзур намуданд.
Дар охир, вазири маориф ва илм ба роҳбарони сохторҳои дахлдори вазорат ҷиҳати дар амал татбиқ намудани таклифу пешниҳодоти манзуршуда дастуру супоришҳои мушаххас дод.