ВОХӮРИИ Ш. ХАЙРЗОДА БО МУТАХАССИСОНИ ЛОИҲАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗИИ ИМА

11-05-2022
11-уми майи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазири маориф ва илм Шукрулло Хайрзода бо мутахассисони лоиҳаҳои байналмилалии Вазорати кишоварзии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Мередит Портер ва Молли Кэрн баргузор гардид, ки дар он атташеи кишоварзии сафорати ИМА дар Анқара - фарогирии минтақавӣ барои Озарбойҷон, Гурҷистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон Кристин Мумма ва сардори раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илми Вазорати маориф ва илми кишвар Бадриддин Музаффарзода ширкат намуданд. 
Ҳадаф аз вохӯрии мазкур муаррифии Барномаи МакГоверн-Доул “Ғизо барои таълим” мебошад, ки барои хонандагон, наврасони синни томактабӣ, занҳои ҳомиладор хӯрок пешниҳод мекунад ва ошхонаву китобхонаҳои муассисаҳои таълимиро таъмир менамояд. 
Он аз ҷониби Барномаи ҷаҳонии ғизо ва ташкилотҳои хайриявии ғайритиҷоратӣ маблағгузорӣ шуда, лоиҳаҳои он дар аксари кишварҳои дунё, бахусус дар минтақаи Осиёи Марказӣ (Ӯзбекистон ва Қирғизистон) дар ҳаҷми 21-25 млн доллари амрикоӣ барои ҳар як кишвар татбиқ мегардад.
БАХТОВАР САФАРОВ