ВОХӮРИИ РАҲИМ САИДЗОДА БО ХУАН ЧУН ХОК

26-05-2022
26-уми майи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо Президенти Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур (ДРМС) Хуан Чун Хок баргузор гардид, ки дар он муовинони вазири маориф ва илм Л.Абдулхолиқзода ва Ш.Хайрзода, сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ Илҳом Камолзода, сардори раёсати сохмони асосии назди вазорат Дилшод Сафарзода ва аз ҷониби Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур Ниг Чун Хок, дабири кулли Шӯрои ДРМС Шариф Бин Абдул Ҷаъфар, узви раёсати ДРМС Там Йенг Вей, сардори раёсати молиёти байналмилалии ДРМС Аруначалам Субраманиан, сардори раёсати равобити байналмилалии ДРМС Тан Шун Ли ва дигар намояндагони ҳарду ҷониб иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ, нахуст, ҷонибҳо вобаста ба таъсис ва фаъолияти филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе ибрози андеша намуданд. Зикр гардид, ки Созишнома байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур аз 14 октябри соли 2021 ва Ёддошти тафоҳум байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур аз 1 июли соли 2020 ба имзо расонида шудааст. Филиали мазкур ба шаҳрвандони мамлакат имкони гирифтани таҳсилоти олии сатҳи байналмилалиро фароҳам оварда, дар тайёр намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат дар самти рушди сайёҳӣ ва IT-технология нақши калидӣ мебозад. 
Инчунин, дар рафти вохӯрӣ масъалаи оғози сохтмони бинои асосии филиали мазкур мавриди муҳокима қарор гирифт. Ҷаноби Хуан Чун Хок қайд намуд, ки раванди тарҳрезии он идома дошта, интизор меравад, ки дар моҳи сентябри соли равон корҳои сохтмонии бино оғоз гардад. 
Азиза БОДУРОВА