ВОХӮРИИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ХАЗИНАИ КӮДАКОНИ СММ (ЮНИСЕФ) ДАР ТОҶИКИСТОН

27-02-2024
27 феврали соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода бо мушовири минтақавии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ оид ба тағйироти меъёрҳои иҷтимоӣ ва рафторӣ Марио Москер баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба татбиқи «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», дастгирии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, боло бурдани сифати таҳсилот, таҷҳизонидани муассисаҳои таълимӣ, ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсил, рушди малакаву қобилияти азхудкунии хонандагон, ҷалб намудани волидон ба ҳамкорӣ бо муассиаҳои таълимӣ ҷиҳати назорати фарзандон ва дигар масъалаҳои соҳаи маориф мубодилаи афкор намуданд.
Зиёдулло Абдулзода иброз дошт, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд дар татбиқи «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», махсусан бо Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон корҳои зиёд ва самарабахшро анҷом додааст. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда барои ҳамкорӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла, Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ҳавасманд буда, барои рушди маорифи миллӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мекунад.
Дар идома Марио Москер аз ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм дар самти маориф изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд кард, ки Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ният дорад, ки ҳамкорӣ бо вазоратро дар оянда боз ҳам самараноктар намояд. Махсусан, наздиктар намудани волидон бо муассисаҳои таълимӣ дар асоси рақамикунонии соҳаи маориф яке аз самтҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар оянда буда метавонад.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон