ВОХӮРИИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО НАМОЯНДАГОНИ ЮСАИД ВА ЮНИСЕФ ДАР ТОҶИКИСТОН

07-11-2023
7 ноябри соли равон муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода бо директори барномаҳои ЮСАИД дар Тоҷикистон Карл Сигрейв, мутахассиси идоракунии барномаҳои маорифи ЮСАИД дар Тоҷикистон Ҳафизуллоҳ Само, мутахассиси рушди барвақтии кӯдаки  дафтари минтақавии ЮНИСЕФ Вера Рангелова, мутахассиси рушди барвақтии кӯдаки дафтари минтақавии ЮНИСЕФ Видур Чопра ва масъули соҳаи маорифи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Ҳурмат Душанбиев вохӯрӣ намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо аз таваҷҷуҳи Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм ба самти таҳсилоти фарогир ёдовар шуда, иброз доштанд, ки таҳсилоти фарогир дар Точикистон нисбат ба кишварҳои минтақа дар сатҳи хубтар ба роҳ монда шудааст. Хамчунин, таъкид гардид, ки бори аввал дар Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон лоиҳаи таҳсилоти фарогир ба нақша гирифта шуда, Консепсияи таҳсилоти фарогир таҳия мегардад.
Қайд карда шуд, ки ҳадафи асосии амалисозии лоиҳа иҷрои равишҳои фарогир ва босифат дар таҳсилоти томактабӣ, таҷдиди назари барномаи таълимии таҳсилоти томактабӣ, бо назардошти эҳтиёҷоти инфиродии таълимгирандагон мебошад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон