ВОХӮРИИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО АҲЛИ МАОРИФИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ

18-11-2023
18 ноябри соли 2023 дар маҷлисгоҳи шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ вохӯрии муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода бо кормандони шуъбаи маорифи ноҳия ва директорони муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид. 
Дар вохӯрӣ муовини вазири маориф ва илм аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушди соҳаи маориф дар замони соҳибистиқлолӣ ва ҳадафҳои минбаъда дар ин самт ёдовар шуда, қайд намуд, ки дар муассисаҳои таълимии ноҳия бояд ба масъалаҳои ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таҳсилот, муҷаҳҳазгардонии  кабинетҳои фаннӣ, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳову озмунҳои ҷумҳуриявию байналмиллалӣ диққати махсус дода шавад. Натиҷагирӣ аз озмунҳои ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", "Илм - фурӯғи маърифат", "Тоҷикистон - Ватани азизи ман", ""Тоҷикон"- оинаи таърихи миллат" ва олимпиадаҳои фаннӣ сатҳи дониши хонандагонро муайян мекунад.
Дар охир мудири нави шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ Сафарзода Қудратбек Мирзобек муаррифӣ карда шуд. Гуфта шуд, ки Сафарзода Қудратбек солҳои зиёд дар соҳаи маориф фаъолият кардааст ва номзади мувофиқ ба вазифаи мудири шуъбаи маориф мебошад.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон