ВОБАСТА БА АТТЕСТАТСИЯИ ҒАЙРИНАВБАТИИ ДИРЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

08-11-2022
8-уми ноябри соли ҷорӣ таҳти раёсати вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм ва аъзои гурӯҳи корӣ-аттестатсиягирандагон иштирок намуданд.
Дар рафти ҷаласа вазири маориф ва илм Р.Саидзода зикр кард, ки бо мақсади иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.11.2022, №1590 ҷиҳати муайян намудани дараҷаи тахассус, маҳорати кабӣ ва ба вазифаҳои ишғолкарда мувофиқат намудани директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз 9-уми ноябр то 30-юми декабри соли 2022 аттестатсияи ғайринавбатии директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор мегардад.
Аз ин рӯ, роҳбарон ва аъзоёни гурӯҳҳои корӣ – аттестатсиягирандагонро зарур аст, ки ба аттестатсия омодагии ҳамаҷониба дида, дар доираи мақсадҳои гузошташуда шаффоф баргузор намоянд. 
Вазир бевосита таваҷҷуҳи гурӯҳи кориро ба он ҷалб намуд, ки дар рафти аттестатсия аз ҳама гуна муносибатҳои характери коррупсионидошта худдорӣ намуда, дар доираи принсипҳои касбӣ ва бо дилу нияти пок ба ҳар иштирокчӣ баҳои муносиб гузоранд.
Дар идома, иттилоъ дода шуд, ки аттестатсия аз ҷониби 9 гурӯҳи босалоҳият зери роҳбарии вазири маориф ва илм, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм баргузор мегардад.