Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад

16-01-2023
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки ба ҳар гуна хабарҳои беасос ва фейкӣ, ки гӯё таътили хонандагон то 25-уми январ ё то 1-уми феврал тамдид шудааст, бовар накунанд
Хабарҳои мазкур давоми имрӯз тавассути мессенҷерҳою шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда, миёни аҳолӣ нофаҳмиҳои зиёдро ба миён овардааст.
Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илм таъкид медорад, ки шаҳрвандон ба ин гуна хабарҳои фейкӣ бовар накунанд ва танҳо ба хабарҳое эътимод намоянд, ки дар сомонаи расмии Вазорат нашр шудааст.
Бори дигар, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, омӯзгорон ва падару модарон мерасонад, ки бо дарназардошти сард омадани ҳаво ва идома ёфтани он, инчунин, бо мақсади ҳифзи саломатии тарбиятгирандагону хонандагон дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ таътили зимистонаи хонандагон то 20 январи соли 2023 тамдид карда шуд.
Машғулиятҳо дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ аз 20-уми январ оғоз мегардад.