ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО ФАЪОЛИЯТИ ШИРКАТИ НОШИРИИ "НАШРИЁТИ МУОСИР" ШИНОС ГАРДИД

03-11-2023
3 ноябри соли ҷорӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо мақсади шинос шудан бо вазъи нашри китобҳои дарсӣ аз коргоҳҳои ширкати ноширии "Нашриёти муосир" дидан кард. Зимни боздид вазири маориф ба сифати китобҳои дарсӣ ва маҳсулоти омода кардани китобҳои дарсӣ диққати махсус дода, аз ҳамкориҳои Вазорати маориф ва илм бо ширкатҳои ноширии ватанӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.
Боиси зикр аст, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 23 ширкати ноширии ватанӣ, аз ҷумла, бо "Нашриёти муосир" дар самти нашри адабиёти таълимӣ ҳамкорӣ дорад.