ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ – ОМИЛИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТ

25-06-2020
   Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати баланд бардоштани сатҳу сифати некуаҳволии аҳолиро таъкид дошта, баён намуданд, ки барои ҳалли ин масъала дар сохтори иқтисодии мамлакат шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. 
   Дар муқаддимаи Паёми худ (26.12.2019) Президенти муҳтарам махсус таъкид намудаанд, ки “Ҳукумати мамлакат вазифадор карда мешавад, ки бо мақсади ҳарчи зудтар ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ки дар Паёми соли гузашта таъкид гардида буд, консепсияи иқтисодиёти рақамӣ ва дар асоси он барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодиёти рақамиро қабул ва амалӣ созад. Мақомоти давлатӣ дар шароити иқтисоди бозаргонӣ ва рақамигардонии фаъолияти идоракуниву истеҳсолот бояд сиёсати ягонаи иқтисодиро танҳо бо истифодаи механизм ва шаклу усулҳои муосир ба танзим дароранд”.
  Дар ҳақиқат, марҳилаи кунунии рушди тамаддуни башарӣ, иқтисодиёти Тоҷикистонро низ ба маҷрои равандҳои ҷаҳонишавӣ, ки шароити гузариш ба модели нави рушди иқтисодиро дар асоси истифодаи пурраи технологияҳои рақамӣ фароҳам меорад, мекашад. Дар навбати худ, ба иқтидори зеҳнии захираҳои меҳнатӣ ва тавсеаи неруи эҷодии онҳо дар фаъолияти иқтисодӣ диққати бештар дода шудааст. Аз ин рӯ, ин ҳама аҳамияти рушди технологияҳои рақамиро асоснок менамоянд.
   Имрӯз иттилоотонии ҷомеа гузариши аксари кишварҳои ҷаҳонро аз иқтисодиёти индустриалӣ ё постиндустриалӣ ба иқтисоди рақамӣ ногузир сохтааст. Сабабҳои умда ва бунёдии ногузирии гузариш ба иқтисодиёти рақамиро номбар мекунем:
• пешрафти илму техника дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсонӣ; 
• паҳншавии васеи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ;
• оммавӣ гардидани истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар кулли самтҳои ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоии ҷомеа;
• имкониятҳои нав дар ташаккули фазои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ барои тамоми табақаҳои аҳолӣ;
• табдил додани технологияҳои рақамӣ ба омили баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва рушди сохторҳои соҳибкорӣ.
   Ҷорӣ намудани иқтисоди рақамӣ дар кишварҳои ҷаҳон хусусиятҳои вижа дорад. Дар иқтисодиёти кишварҳои пешрафта заминаҳои гузариш ба иқтисоди рақамӣ хеле баланд аст. Дар аксари мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ, ки ба онҳо сатҳи ғайрикофии рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ хос мебошад, ҷорӣ кардани иқтисодиёти рақамӣ амри муҳол аст. Лозим ба қайд аст, ки ривоҷу равнақи иқтисодиёти рақамӣ аз сатҳи рушди иқтисодии кишварҳои ҷаҳон вобастагӣ дорад.
  Рушди иқтисоди рақамӣ дар кишварҳои ҷаҳон дар асоси нишондиҳандаҳои мухталиф, ки аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ, муассисаҳо ё пажӯҳишгоҳҳои махсуси илмӣ ҳисоб карда шудаанд, арзёбӣ карда мешавад. 
  Аз 9 номгӯи сатҳи рушди иқтисодии рақамӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ муайяни алҳол Тоҷикистонро ҳамагӣ аз рӯи чаҳор нишондиҳанда арзёбӣ мекунанд. Масалан, аз рӯи индекси рушди ҳукумати электронӣ (ӮGDI) Тоҷикистон дар байни 185 давлати дунё ҷойи 131-умро ишғол менамояд. Тибқи индекси омодакунии шабакавӣ (NҚI) бошад, мамлакати мо дар ҷойи 114 ва  дар индекси глобалии инноватсионӣ (GII) ҷойи 101-ро ишғол мекунад. Аз нуқтаи назари рушди технологӣ ва мавҷудияти муҳити дастгирӣ Тоҷикистон дар давраи аввали гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ қарор дорад.
  Дар иқтисодиёти рақамӣ бартарияти принсипи «зиндагӣ ва таҳсил», бо ибораи дигар, «таълим дар тамоми ҳаёт» зоҳир мегардад. Иқтисоди рақамӣ зарурати такмили доимии мамлакатҳои касбии мутахассисонро тақозо мекунад, зеро ҷойҳои корӣ дар асоси технологияи нав босуръат пеш мераванд. Дар шароити автоматикунонӣ, паҳншавии робототехника ва рушди технологияҳои рақамӣ, чизи асосӣ на дипломҳои донишгоҳҳои бонуфуз, балки маҳорату касбияти кормандон ва тавоноии онҳо дар самти коркард ё ин ки истифодаи технологияи рақамӣ ба шумор меравад. 
   Дар асри ХХ илм ва техника мунтазам, босуръат ва хеле самарабахш рушд кард ва месазад, ки садаи гузаштаро асри “инқилоби илмӣ” номем. Хусусан, дар мамлакатҳои тараққикарда илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш рафта, автоматикунонии ҷойи корӣ, ихтирооти техника, технология, усулҳои нави ташкил ва идоракунии кор, рушди технологияҳои иттилоотӣ, гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ авҷ гирифт. 
   Беш аз пеш маълум шуда истодааст, ки ноил гардидан ба пешравӣ дар ҷомеаи ҷаҳонии имрӯза танҳо тавассути омӯзиш ва рушди ҳаматарафаи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ имконпазир аст. Мусаллам аст, ки бисёр муаммоҳои инсоният, аз ҷумла, рафъи гуруснагӣ ва касалиҳои гуногун, аз худ кардани кайҳон, истифодаи энергетикаи атомӣ, интеллекти сунъӣ ва ғайраро танҳо илм ҳаллу фасл карда метавонад. Илова бар ин, қайд кардан лозим аст, ки натанҳо навовариҳои бузург, ҳатто истеҳсоли чизҳои одӣ, аз қабили коғаз, қалам, гӯгирд низ дониши амиқи фанҳои дақиқро талаб мекунад. 
  Чӣ тавре ки таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ нишон медиҳад, рушди илму маориф сарчашмаи пешравии иҷтимою иқтисодӣ мебошад. Давлатҳои пешрафтаи дунё, аз ҷумла ИМА (аз ҳама зиёд шумораи барандагони ҷоизаи нобелӣ дар самти фанҳои дақиқ ва иқтисодиёт), Ҷопон (пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон сармоягузорӣ ба маориф ва иқтисодиёти Ҷопонро ба яке аз ҷойи аввалин дар ҷомеаи ҷаҳонӣ расонид), Чин (тақрибан 50%-и хатмкунандагони донишгоҳҳои Чин дастпарварони риштаи фанҳои дақиқ мебошанд, ки мамлакатро ба қатори истеҳсолкунандаи бузурги ҷаҳонӣ дароварданд), кишварҳои Аврупо (дар соҳаи мошинсозӣ, радиоэлектроника, металлургия, сохтани киштиҳои кайҳонӣ, электроника, муҳандисӣ пешқадам буда, ба давлатҳои мутараққӣ табдил ёфтаанд) мисоли барҷастаи ин иддао мебошанд.
   Боиси тазаккур аст, вақте ки дар мамлакатҳои мутараққӣ сухан оид ба рушди илм меравад, пешрафти илмҳои физика, химия, математика, барномасозӣ, технологияи компютерӣ, астрономия дар назар дошта мешавад.
   Хуллас, имрӯз раванди таълим бояд бо назардошти талаботи иқтисоди рақамӣ ташкил карда шавад, зеро танҳо чунин равиш метавонад, иштиғоли устувори бозори меҳнатро таъмин намояд. Муҳимтар аз ҳама, мусоидат ба рушди неруи зеҳнии инсон қувваи кориро ба сармояи асосии истеҳсолот табдил медиҳад. Дар бозори меҳнати иқтисодиёти рақамӣ касбҳои зерин ба истилоҳ “бозоргир” мебошанд: меъмори шабакаи иттилоотӣ, ороишгари интерфейс, таҳиягари модели калон (мутахассисе, ки системаҳои ҷамъоварӣ ва коркарди миқдори зиёди маълумотро тарроҳӣ мекунад), аудитор оид ба технологияи иттилоотӣ, муфаттиш кибер (коршиноси таҳқиқи киберҷиноятҳо), мушовир оид ба масъалаҳои амнияти иттилоотӣ, мутахассис оид ба технологияи амнияти иттилоотӣ, кор бо равандҳои истеҳсолоти автоматӣ, кибертехнологияи муҳити зист, дизайнери интерфейсҳои зеҳнӣ ва ғайра, ки кулли онҳо дониши мукаммали фанҳои дақиқро талаб менамоянд. Боиси қайд аст, ки бисёр донишгоҳҳои пешрафтаи кишварҳои ғарбӣ чандест, ки чунин мутахассисонро омода мекунанд. Дар давоми даҳсолаҳо барномаҳои таълимӣ оид ба илми иттилоот, тиҷорати электронӣ, зеҳни сунъӣ, технологияи маърифатӣ татбиқ шудаанд. 
 
М.Шарифзода,  
ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, 
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, профессор, Т. Ризоқулов,
муовини ректор оид ба илм ва
инноватсия, профессор