ТАШРИФИ ЗИЁДА АЗ 800 ХАТМКУНАНДА ДАР РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД: ТАВАҶҶУҲИ ДОВТАЛАБОН БА ИХТИСОСҲОИ КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРӢ АФЗУДА АСТ

12-04-2024
Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ 12 – уми апрели соли 2024 рӯзи дарҳои кушода баргузор гардида, беш аз 800 нафар довталаб аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ба муассиса омаданд.
Муҳассилин ҳамроҳи омӯзгоронашон аз шароити мусоиди таҳсил дар Коллеҷ аз наздик шинос шуда, бо донишҷӯён ва устодони муассиса дар хусуси фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ, илмӣ ва робитаҳои хориҷии таълимгоҳ суҳбати озоду самимӣ доир кардаанд.
Дар идома бо ширкати кормандону донишҷӯён мулоқоти судманд дар толори маҷлисгоҳ баргузор шуд, ки дар он довталабон ба саволҳои бешуморашон дар бораи фаъолияти гуногунҷабҳаи Коллеҷ посухҳои қонеъкунанда гирифтанд.
Мавриди зикр аст, ки Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ мутахассисонро аз рӯйи 5 забон ва 16 ихтисос дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ бо касбҳои ба бозори меҳнат ҷавобгӯ омода мекунад.