ТАШРИФИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ РАҲИМ САИДЗОДА БА МАКТАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ БОЛАЁҚАТ ДАР ШАХРИ БӮСТОН

17-11-2022
12-уми ноябри соли ҷорӣ вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим Ҳамро ба Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон ташриф овард.
Нахуст, вазири маориф ва илм Р.Саидзода аз саҳни муассисаи таълимӣ дидан намуда, ба корҳои ободонӣ ва тозагии гирду атрофи он баҳои баланд дод.
Ҳангоми шиносоӣ бо рафти таълиму тарбия дар муассиса маълум гардид, ки дар синфи 7б аз фанни таърих аз теъдоди умумии 33 нафар хонанда 17 нафар, дар синфи 9а аз фанни забони англисӣ (омӯзгор Саидова Заррина) аз теъдоди умумии 28 нафар 15 нафар хонанда дар дарсҳо иштирок доштанд.
Зимни суҳбат бо хонандагон маълум гардид, ки аз ёд намудани 400 калима “Луғати вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дастраси донишҷӯёну омӯзгорон” дар муассисаи таълимӣ ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.
Ҳамчунин, рафти боздид аз бинои хобгоҳи муассиса маълум гардид, ки хобгоҳ барои 480 нафар хонанда пешбинӣ гардида, дар он мутаассифона ҳамагӣ 12 нафар хонанда истиқомат доранд. Ҳарчанд барои фаро расидани фасли зимистон рӯзҳое ба шумор монда бошад ҳам, аммо омодагии муассиса ба давраи зимистонгузаронӣ беҳбудӣ мехоҳад.
Р.Саидзода-вазири маориф ва илм зимни суҳбат аз омӯзгорон даъват ба амал оварда шуд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф фаъолиятро дучанд ба роҳ монда, дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносию ватандӯстӣ, ҳамеша тозаву озода нигоҳ доштани муҳити муассисаи таълимӣ ва муҳимтар аз ҳама, дар самти баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони хуби забондон бештар саҳмгузор бошанд.
Дар охир аз ҷониби вазири маориф ва илм ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар муассисаи таълимӣ ба роҳбарияти дастур супоришҳои мушаххас дода шуд. Махсусан, таъкид гардид, ки давомоти хонандагон пурра таъмин гардида, ҷиҳати иштироки хонандагон дар озмуну олимпиадаҳо, аз ҷумла, озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман!” ва “Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” тадбирҳои судманд андешида шавад.