ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ОМӮЗГОРОН ДАР КОХИ СУРӮШ

30-09-2023
Имрӯз, 30 сентябри соли 2023 дар Кохи Сурӯш чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи омӯзгорон баргузор гардид, ки дар он муовини Сарвазири кишвар Матлубахон Сатториён, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовинони вазири маориф ва илм, намояндагони вазорату идораҳо, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, ректорон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии кишвар, сардорони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои зертобеи вазорат, собиқадорони соҳа ва омӯзгорони пешқадам иштирок намуданд.
Нахуст муовини Сарвазири кишвар Матлубахон Сатториён Паёми табрикии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ба ҳозирин ироа намуда, кулли омӯзгорони ҷумҳуриро аз номи Пешвои миллат бахшида ба иди касбиашон шодбош гуфт.
Сипас маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмунҳои касбӣ ва сарфарозгардонии омӯзгорони дар фаъолияти худ дорои натиҷаҳои назаррас бо мукофотҳои соҳавӣ баргузор гардида, аз ҷониби муовини Сарвазири кишвар Матлубахон Сатториён ва вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон - 2023” ва “Мураббии соли Тоҷикистон - 2023” бо нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ғолибони ин озмунҳо бо диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 30 000 сомонӣ ва 10 000 сомонӣ мукофотонида шуданд.
Дар чорабинӣ ғолибони озмуни “Омӯзгор – машъалафрӯзи ҷомеа” бо “Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм” ва мукофотпулӣ қадрдонӣ гардида, 20 нафар омӯзгори кишвар барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, гузоштани саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ба ифтихори Рӯзи омӯзгорон ба нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамчунин, як қатор омӯзгорони кишвар аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо туҳфаҳои молӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар идома чорабинии фарҳангӣ пешниҳоди ҳозирин гардид.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон