ТАҲЛИЛИ МУШТАРАКИ СОҲАИ МАОРИФ

27-02-2024
27 феврали соли ҷорӣ дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони «Таҳлили муштараки соҳаи маориф» баргузор гардид. Дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм, намояндаи Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE), сарпарасти Тоҷикистон Муҳаммад Тариқ Хон, роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) Артур ван Дизен, сардори бахши ҳамкории Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Марк Бухманн, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, кормандони соҳаи маориф ва дигар шарикони рушд иштирок намуданд.
Раҳим Саидзода қайд намуд, ки дар ин конференсия ҳамаи самтҳои Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Дар баробари ин, ҷиҳати амалишавии стратегияи мазкур Вазорати маориф ва илм ҳавасманд аст, ки бо ҷонибҳои гуногун ҳамкориҳоро тақвият бахшад.
Сипас намояндаи Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE), сарпарасти Тоҷикистон Муҳаммад Тариқ Хон, роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) Артур ван Дизен ва сардори бахши ҳамкории Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Марк Бухманн суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки ҳамкории ин ниҳодҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло дар марҳилаи хуб қарор дошта, дар оянда низ тақвият хоҳанд ёфт.
Дар идома маърузаҳои директори иҷроияи ташкилоти ҷамъиятии “Иқтисод ва маориф” Шодибег Қодиров оид ба амалигардонии “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” бо Нақшаи амалисозии миёнамуҳлат барои солҳои 2024-2026, мушовирон ва коршиносони байналмилалӣ Штефан Зиверт ва Фатҳиддин Усмонзода доир ба роҳҳои ҳалли инноватсионии маблағгузории муштарак барои беҳтарсозии самаранокӣ ва таъсирнокии хароҷот дар соҳаи маориф шунида шуд.
Ёдовар мешавем, ки ҷамъбасти конференсияи мазкур рӯзҳои 28 феврали соли ҷорӣ дар назар аст.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон