ТАҲЛИЛИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИММИ СОҲАИ МАОРИФ ВА МУАРРИФИИ МУДИРИ НАВИ ШУЪБАИ МАОРИФИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ

18-11-2023
Имрӯз, 18 ноябри соли 2023 дар маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 47-и ноҳияи Панҷакент бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода, раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода, сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм Шарофиддин Асомиддинзода ва кормандони соҳаи маорифи шаҳри Панҷакент ҷамъомад баргузор гардид.
Нахуст муовини вазири маориф ва илм оид ба масъалаҳои мубрами соҳа изҳори назар кард. Аз  ҷумла, дар хусуси таъмири муассисаҳои таълимӣ, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони соли таҳсили 2023-2024, таъмини муассисаҳои таълимӣ ба сӯзишворӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, иштироки хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ, рушди фанҳои дақиқ ва чанде дигар гуфта гузашт. 
Сипас мудири нави шуъбаи маорифи шаҳри Панҷакент Қосимов Мақсатилло муаррифӣ карда шуд. Гуфта шуд, ки Қосимов Мақсатилло солҳои зиёд дар соҳаи маориф фаъолият кардааст ва номзади мувофиқ ба вазифаи мудири шуъбаи маориф аст. 
Зиёдулло Абдулзода дар охир ба масъулин ҷиҳати иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бандҳои дахлдори барномаҳои давлатӣ, қарорҳои ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм дастурҳои мушаххас дод.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон