ШУРОИ МИЛЛИИ ТАҲСИЛОТ: ТАҲИЯИ КОНСЕПСИЯИ ТАЪЛИФИ КИТОБҲОИ ДАРСИИ АДАБИЁТИ ТОҶИК ВА АРЗЁБИИ МУНОСИБАТИ БОСАЛОҲИЯТ ДАР ТАЪЛИМИ ФАННИ ХИМИЯ

26-10-2023
26 октябри соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоикистон Ҷамшед Ҷӯразода ҷаласаи навбатии Шурои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илм бо иштироки сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои зертобеи Вазорат, роҳбарони гурӯҳҳои ҳамоҳангсози барномаву китобҳои дарсии Шуро, муаллифону мураттибони адабиёти таълимии барои баррасӣ пешниҳодшуда баргузор гардид.
Дар ҷаласаи навбатии Шуро масъалаҳои тавсияи адабиёти таълмии барои баррасӣ пешниҳодгардида, вазъи таълифи барномаи таълим аз фанни адабиёти тоҷик барои синфҳои 5 – 11-ум, арзёбии раванди татбиқи муносибати босалоҳият дар таълими фанни химия барои синфҳои 8 – 11-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Аз рӯйи масъалаи якум иҷрокунандаи вазифаи директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Пиракзода Рустам иброз дошт, ки 1 номгӯй дастури таълимӣ барои зинаи таҳсилоти томактабӣ, 11 номгӯйи китоби дарсӣ ва 1 номгӯй воситаи таълимиву методӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баъд аз ташхис барои баррасӣ пешниҳод шудааст.
Вобаста ба масъалаи таълифи барномаи таълим аз фанни адабиёти тоҷик барои синфҳои 5 – 11-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ роҳбари гурӯҳи ҳамоҳангсози барнома ва китобҳои дарсии фанни адабиёти тоҷики Шурои миллии таҳсилот Муҳриддин Низомӣ маъруза намуд.
Номбурда иброз дошт, ки дар пайи дастуру роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро зарур аст, ки ба масъалаи бознигарӣ ба барномаю стандартҳо ва мазмуни китобҳои дарсии фанни адабиёти тоҷик ҷиддӣ машғул шавем. Сипас номбурда доир ба таълифи барномаи нави фанни адабиёти тоҷик барои синфҳои 5 – 11-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ сухан гуфта, иброз дошт, ки дар он аз ҷониби мураттибон мафҳумҳои ватану ватандӯстӣ, моҳияти Истиқлол ва зарурати ҳифзи он, ошноӣ бо муборизаҳои гузаштагон баҳри озодии Ватан, тараннуми сулҳу ваҳдат дар адабиёти пешина, даъват ба якпорчагӣ ва ваҳдат дар адабиёти муосир, васфи Истиқлол, дар адабиёти пешина ва муосир илова карда шудааст.
Дар идомаи суханронии профессор М. Низомӣ муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода илова намуд, ки Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Академияи миллии илмҳо китобҳои дарсии фанни адабиёти тоҷикро пурра бознигарӣ намуда, барои таҳияи консепсияи таълифи китобҳои дарсии фанҳои таърихи халқи тоҷик ва адабиёти тоҷик гурӯҳи корӣ таъсис диҳанд. Илова бар ин шакли ниҳойии барномаи таълими фанни адабиёти тоҷик барои синфҳои 5 – 11-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ пас аз арзёбӣ шудан аз ҷониби муассисаҳои экспертӣ бо мақсади озмоиш ва гирифтани фикру пешниҳодҳои омӯзгорон дар маҷалла ва рӯзномаҳои соҳаи маориф нашр карда шавад – таъкид дошт Ҷамшед Ҷӯразода.
Вобаста ба масъалаи арзёбии раванди татбиқи муносибати босалоҳият дар таълими фанни химия барои синфҳои 8 – 11-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ роҳбари гурӯҳи ҳамоҳангсози барнома ва китобҳои дарсии фанни химияи Шурои миллии таҳсилот, профессор С. Банданв суханронӣ намуд.
Номбурда дар маърузаи худ иброз дошт, ки барои самаранок амалӣ гаштани муносибати босалоҳият дар таълими фанни химия таҷдиди назар намудани стандарт, нақшаю барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва маводди ёрирасон аз фанни химия, таҳияи усулҳои муосири таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, мукаммалгардонидани таълими фанни химия тавассути барномаҳои телевизионӣ, тарғиби ташаккули тафаккури техникӣ дар ҳамаи зинаҳои таълимӣ, таҳқиқи муносибати босалоҳият ҳамчун методологияи татбиқи донишҳои назариявӣ дар амалия дар самти фанни химия, таҳия ва нашри луғатҳои тафсирӣ ва тарҷумавии истилоҳоти аз фанни химия, сохтани амсила (макет) ва дигар ашёҳои дарсӣ, омӯзиш ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами муассисаҳои таълимӣ ва илмии дохил ва хориҷи кишвар дар самти пешбурди фаъолияти таълимӣ муҳим аст.
Вобаста ба масъалаи мавриди назар аз ҷониби раиси ҷаласа ба роҳбарони муассисаҳои масъули Вазорат ҷиҳати таҷдиди назар намудани барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисоси фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, таҳияи маводи методӣ, аз ҷумла роҳнамоҳо барои омӯзгорон, ороиши китобҳои дарсии фанҳои номбурда ва беҳтар намудани сифати полиграфии онҳо, таъсиси рубрикаву саҳифаҳои махсус барои таблиғи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дастуру супориш дода шуд.
Дар охир аз ҷониби муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода бори дигар ҷиҳати бо дарназардошти талаботи замон ва ислоҳоти соҳаҳои маориф ва илм арзёбӣ шудани адабиёти таълимӣ, таҳияи дастурҳои методӣ вобаста ба равияҳо барои хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, таҷдиди назар намудани тартиби баргузории ҷаласаҳои Шурои миллии таҳсилот ба роҳбарони муассисаҳои сохторҳои Вазорати маориф ва илм дастуру супоришҳо дода шуд.

Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ,
илмию методии Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон