САФОБАХШИ ҶАҲОН ОМӮЗГОР АСТ

30-09-2023
Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ба ифтихори Рӯзи омӯзгорон
Устодони азиз!
Муҳтарам аҳли маориф!
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳамасола дар якшанбеи нахустини моҳи октябр таҷлил намудани Рӯзи омӯзгорон, пеш аз ҳама, далели эҳтирому эътиқоди ҳамагонӣ ба аҳли таълиму тарбия буда, аз мақому манзалати волои онҳо дар ҷомеаи мо башорат медиҳад. Ба гувоҳии таърих, тоҷикон аз қадим ихлосманду сипосгузори омӯзгорон будаанд, ҳамеша ба онҳо сари таъзим фуруд меовардаанд ва ситоишашон мекардаанд.
Халқи тоҷик мартабаи устодро ҳатто аз падар болотар гузоштааст, ки ин эътирофе дар сатҳи хеле баланд мебошад:
Ҳаққи устод аз падар беш аст
В-аз падар устод дар пеш аст.
Хирадмандону суханварони воқеиятбину ҳақиқатнигори мо дар мадҳу ситоиши омӯзгор бо меҳру муҳаббат ва самимият сухан гуфтаанд ва устодро ҳамчун раҳнамои ҷомеа, машъали хирад, чароғи равшан ва махзани илму маърифат тавсиф бахшидаанд. Садсолаҳост, ки ин шоҳбайти машҳури шоири бузург Абдураҳмони Ҷомӣ таъкид бар тавоноиву қудрати азими маърифатгустарии омӯзгор мекунад ва он дар замони мо низ собитгари мақоми волою рисолати олии устод аст:
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.
Басо хушоянду дилписанд аст, ки дар замони соҳибистиқлолии ҷумҳурии азизамон обрӯю эътибори омӯзгор ва мавқеи ҷамъиятии ӯ боз ҳам боло рафт. Ба ин, пеш аз ҳама, сиёсати хирадмандонаю ватанпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мусоидат кардааст. Сарвари кишвар аз нахустмарҳалаҳои ба сари қудрат омаданашон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд, ин соҳаро афзалиятнок эълон ва батакрор таъкид карданд, ки бидуни маорифи пешрафта ва таълиму тарбияи шоистаи насли наврас мо Ватани худро ҳеҷ гоҳ ободу муваффақ дида наметавонем. Эҳтирому эътиқоди Пешвои муаззами миллат нисбат ба омӯзгорон дар сатҳи баланд ва ибратбахш аст. Президенти муҳтарами ҷумҳуриамон бар он назаранд, ки «миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад». Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат доимо ва дар ҳама ҷо рӯ ба аҳли таълиму тарбия меоранд, бо онҳо суҳбатҳои озоду самимӣ меороянд, арзу ниёзашонро мешунаванд ва таъкид мекунанд, ки ба дастгирии омӯзгорон ҳамеша омодаанд. Сарвари кишвар зимни сафарҳояшон ба манотиқи гуногуни мамлакат ба ҳукми анъана ба таълимгоҳҳо ворид шуда, бо вазъи таҳсили наврасону ҷавонон ва шароити мавҷуда бевосита ошноӣ пайдо мекунанд. Бо ташаббусу ибтикорот ва дар заминаи ғамхориҳои Пешвои миллат дар ҷумҳурӣ сохтмони таълимгоҳҳои нав ва ба таври замонавӣ таҷҳизонидани онҳо сол то сол бештар мегардад. Тавре ки дар оғози соли равон зимни суханрониашон ба муносибати Рӯзи дониш дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара Сарвари кишвар иброз доштанд, танҳо дар давоми ҳафт моҳи соли 2023 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 57 бинои нави муассисаи таълимӣ бо15 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст ва тибқи нақша то охири сол ба истифода додани зиёда аз200 мактаби дигар дар назар дошта шудааст.
Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ дар ҷумҳурии азизамон ислоҳоти соҳаи маориф роҳандозӣ шуд ва дар заминаи он ҷаҳиши бузурге дар соҳа ба амал омада, ҷанбаи миллии таълиму тарбия қавию устувор гашт, барномаю нақшаҳои таълимӣ таҷдиди назар шуданд ва дастуру китобҳои методию дарсии созгор ба талаботи замон таҳия ва чоп гардиданд. Албатта, дараҷаи рушди соҳа дар қатори омилҳои дигар ба малбағгузории он вобаста аст ва аз ин ҷост, ки дар ҷумҳурӣ сол то сол маблағгузорӣ ба соҳаи маориф бештар мегардад. Соли равон барои ин соҳаи тақдирсози миллат 7,2 миллиард сомонӣ ҷудо шудааст, ки ин нисбат ба соли 2022-юм14 дарсад зиёд буда, қариб 19 дарсади буҷаи солонаи давлатиро ташкил медиҳад. Дар ин замина, марҳала ба марҳала сатҳи маоши омӯзгорон боло бардошта мешавад ва мувофиқи дурнамои маблағгузории давлатӣ ин раванд минбаъд боз ҳам идома бахшида хоҳад шуд. Ҳамзамон, қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар ҳаёти ҷомеа, воқеан, ҳодисаи таърихӣ гашт ва ба пешрафти соҳаи маорифи кишвар такони ҷиддӣ бахшид.
Боиси қаноатмандию сарфарозист, ки омӯзгорони сарбаланду саодатманди Ватани маҳбубамон ҷавобан ба ин ҳама ва дигар ғамхориҳои Пешвои миллат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ садоқатмандона ва дар сатҳи баланд фаъолият доранд ва пайваста ба комёбиҳо ноил мегарданд ва нуфузу обрӯю мақоми худро дар ҷомеа боз ҳам меафзоянд. Дар дарозои солҳо омӯзгорони мамлакат дар ҷодаи татбиқи барномаҳои давлатӣ, таҳриру такмили асноди таълимию тарбиявӣ, тақвияти сатҳи саводнокии хонандагон, истифодаи усулҳои фаъоли таълим, корбасти воситаҳои техникии омӯзиш ва амсоли инҳо ҷидду ҷаҳди ҳамешагӣ зоҳир менамоянд. Натиҷаи фаъолияти фарогиру босамари устодони шарафманду маърифатоини мост, ки сол то сол сафи иштирокдорону ғолибони озмунҳои дохилию байналмилалӣ аз ҳисоби хонандагони тоҷик рӯ ба афзоиш дорад.
Танҳо дар давоми соли ҷорӣ дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ва фосилавӣ наздик ба 5000 нафар хонандаи таълимгоҳҳои ҷумҳурӣ иштирок карда, 124 медал, аз ҷумла, 13 медали тилло, 21 нуқра ва 90 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 215 ҳазор нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ширкат варзида, беҳтаринҳо ба даврҳои минбаъда роҳ ёфтанд. Дар озмуни дигари ҷумҳуриявӣ – «Илм - фурӯғи маърифат» қариб 25 ҳазор нафар хонанда аз тамоми таълимгоҳҳои мамлакат иштирок карданд.
Мо ифтихормандем, ки ҳамасола теъдоди омӯзгорони фаъолу эҷодкору навовар ва дорои дараҷаҳои илмӣ, ғолибони озмунҳои гуногун ва дорандагони нишонҳои давлатӣ меафзояд ва ба ин васила, сафи устодони ифтихориамон бештар мегардад.
Боз як самти густардаи фаъолияти омӯзгорони арҷманди кишвар иштироки пайваставу самаровари онҳо дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии мамлакат мебошад. Устодони таълимгоҳҳои мамкалат дар тамоми чорабиниҳои ҷумҳуриявии давлатӣ, дар таҷлили ботантанаи ҷашнвораҳои миллию таърихӣ, дар ҳамоишҳо бахшида ба ҳимояи манфиатҳои миллат ва дар посдории сулҳу ваҳдат, дӯстию рафоқат фаъолона ширкат меварзанд ва ҳамвора баҳри ҳифзи фазои осоиштаи ҷумҳурӣ садо баланд мекунанд. Омӯзгорони мо таблиғгари мумтозу самимии дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, ривоҷи созандагию бунёдкорӣ, корномаҳо дар сохтмонҳои азими кишвар буда, қотеъона ҳама гуна ифротгароию тахрибкорӣ ва аъмоли ношоистаро маҳкум мекунанд.
Аҳли маорифи диёри биҳишитосои мо дар татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат, нишондодҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва «Солҳои рушди саноат» ҳиссаи сазовор ва мондагор мегузоранд.
Мо дар замони рушди босуръати илму техника ва қувват гирифтани зиддиятҳои байналмилалӣ ва ихтилофоти дигар зиндагӣ дорем. Ин гуна вазъ омӯзгорони шарафмандамонро вомедорад, ки масъулияти бештару ҷиддитаре ба дӯш гиранд, дар тарбияи шоистаи насли наврас зиракию дурандешии комил зоҳир намоянд ва дар ҳимояи манфиатҳои миллат тамоми нерую тавон ва истеъдоди худро истифода баранд. Мо ба омӯзгорони бошарафу маърифатгустар ва хирадоини ҷумҳурӣ бовару эътимоди ҳамешагӣ дорем ва умедворем, ки онҳо доиман дар вусъатбахшии сатҳи дониши хонандагон ва тарбияи бенуқсони онҳо чунин фаъол хоҳанд монд.
Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба аҳли маориф, ба омӯзгорони арҷманд чунин муроҷиат кардаанд: «Ҳатто як лаҳза фаромӯш накунед, ки ояндаи миллат, давлат ва Ватан дар дасти шумост». Ин каломи Сарвари кишвар барои тамоми устодони мамлакат ҳам масъулиятафзосту ҳам ифтихорбарангез ва бовар дорам, ки аҳли таълиму тарбия ҳамеша муроҷиати Пешвои миллатро дар пеши назар хоҳанд дошт.
Тамоми алоқамандони соҳаи маорифи ҷумҳурӣ ва пеш аз ҳама, омӯзгорону устодони мамлакатро ба ифтихори Рӯзи омӯзгорон бо эҳтирому самимият табрику таҳният мегӯям. Таманнои онро дорам, ки ҳамеша хушбахту хушрӯзу сиҳатманд ва фаъолу комёб бошанд ва барои халқу миллату Ватан чунин маҳбубу соҳибэҳтиром бимонанд.
Рӯзи омӯзгорон муборак бод!