САБҚАТИ ЗЕҲНӢ ВА ИТТИҲОДИ ДОНИШ

26-04-2024
 Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби байналмилалии президентӣ”-и шаҳри Душанбе озмуни донишҳои илмӣ байни хонандагони синфҳои 5-6 оғоз ёфт. Дар ин чорабинӣ мактаббачагон аз манотиқи мухталифи кишвар ширкат карда, донишу маҳорати худро дар самтҳои гуногун санҷиданд.
 Дар чорабинӣ намояндагони Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, хонандагон ва омӯзгорон ширкат варзиданд. Муовини вазири маориф ва илми кишвар рушди шахсиятҳои болаёқат ва дастгирии неруи маърифатии онҳоро яке аз самтҳои афзалиятноки низоми маориф арзёбӣ намуд.
 Дар олимпиада дар маҷмӯъ 1297 нафар мактаббачагон ширкат доранд ва қарор аст, ин сабқати зеҳнӣ 26-27-уми апрел баргузор шуда, 28-уми апрел комиссияи апеллятсионӣ ташкил карда мешавад. Бояд гуфт, ки оғози ин чорабинии муҳим ифодагари он аст, ки дар рушди соҳаи маориф ва муайян намудани наврасони болаёқат дар Тоҷикистон як қадами муҳим хоҳад буд.