РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ - ОМИЛИ МУҲИМТАРИНИ ПЕШРАФТИ БОСУБОТИ КИШВАР

20-04-2024
Таҳти ҳамин унвон имрӯз, 20-уми апрели соли 2024 вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо ҳайати роҳбарикунанда ва кормандони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ асосан сардорони раёсату шуъбаҳои донишгоҳ, деканони факултетҳо ва мудирони кафедраҳо иштирок намуданд.
Дар вохӯрӣ, пеш аз ҳама, дастуру супоришҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин ироа доштанд, мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Қайд гардид, ки иҷрои бе чуну чарои дастурҳои Пешвои миллат дар мавриди баланд бардоштани ҳисси милливу хештаншиносӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ, пешгирӣ аз хурофотпарастӣ ва урфу одатҳои бегона, роҳ надодан ба гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун аз ҷониби кормандон ва омӯзгорони донишгоҳ ҳамчун қишри зиёии ҷомеа бояд таъмин карда шавад ва дар замири ҷавонон эҳсоси муҳаббат ба ин Ватан ва сарзамин ҷӯш занад.
Боиси хушнудист, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва давлату ҳукумат ба рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи зиёд доранд. Аз ин ҷост, ки дар кишвар бо дарки амиқи ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ниёз доштани иқтисоди кишвар солҳои 2020-2040– “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардидааст. Ин масъулияти кормандону омӯзгорони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимиро дучанд менамояд.
Вазири маориф ва илм қайд намуд, масъалаи омода намудани мутахассисони дорои дараҷа ва унвони илмӣ дар донишгоҳ бояд ҳатман бознигарӣ шавад. Мутассифона, айни ҳол синну соли миёнаи докторони илм дар донишгоҳ аз 60 боло аст, аз ин рӯ зарурати он пеш омадааст, ки дар ҳамкорӣ бо кишварҳои дӯст ва ба мо наздик дар доираи ҳамкориҳо дар самти илму маориф шуроҳои диссертатсионии муштарак таъсис дода, шумораи докторони илм зиёд карда шавад. Дар ин росто ба рӯйхати маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи Вазорати таҳсилоти олӣ ва илми Федератсияи Россия ва Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид гардидани маҷаллаи донишгоҳ - "Паёми политехникӣ" заминаи мусоид барои фаъолиятҳои минбаъда мебошад.
Дар баробари ин, бештар намудани гурӯҳҳои забони таълимашон русӣ ва англисӣ метавонад  ба сатҳи забондонии донишҷӯён таъсир расонад, онҳоро дар бозори ҷаҳонии меҳнат рақобатпазир намояд ва дар густариши ҳамкориҳо бо ташкилоту муассисаҳои хориҷӣ заминагузор бошад.
Масъалаи дигаре, ки вазири маориф ва илм ба он таваҷҷуҳ намуданд, ин таъсиси паркҳои технологии муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмиллалӣ буд. Таъкид гардид, ки мутаассифона, айни ҳол омода намудани мутахассисон ва фаъолияти паркҳои технологии донишгоҳ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Бо ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо ташкилоту ширкатҳо ва шарикони рушд метавон ҳам паркҳои технологии муосир сохт ва ҳам донишҷӯёнро ба таҷрибаомӯзии фаъол дар истеҳсолот ҷалб намуд. Ҷалби донишҷӯён ба таҷрибаомӯзӣ дар истеҳсолот, махсусан, дар ширкатҳое, ки ба истеҳсол ва таъмини энергия, аз ҷумла, қувваи барқ сару кор доранд, барои иқтисоди кишвар муҳим ва саривақтӣ аст.
Ҷалби довталабони соҳибистеъдод ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ аз масъалаҳои дигари вохӯрӣ буд. Қайд гардид, ки бояд корҳои тарғиботӣ дар миёни довталабон тақвият бахшида шавад ва зарфиятҳои илмиву таълимии донишгоҳ дар сатҳи зарурӣ муаррифӣ гардад.
Иштироки донишҷӯён дар раванди дарс ва масъулиятпазирии омӯзгорон аз масъалаҳои дигари вохӯрӣ буд. Раҳим Саидзода иброз дошт, ки дар самти фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ танҳо омӯзгоре, диққати донишҷӯро ҷалб карда метавонад, ки худ аз техникаву технологияи муосир бохабар аст ва аз он дар раванди таълим самаранок истифода менамояд. Аз ин рӯ, истифодаи технологияи муосир дар рафти дарсҳо бояд ба роҳ монда шавад.
Дар анҷоми вохӯрӣ вазири маориф ва илм вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва масъалаҳои дар боло зикргардида ба масъулини донишгоҳ дастуру супоришҳои мушаххас дод. 
Аз ҷониби ҳозирин таклифу пешниходҳои муфид вобаста ба масъалаҳои боло ироа гардида, аз ҷониби вазири маориф ва илм ва роҳбарияти донишгоҳ пазируфта шуд. 

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон