РӮНАМОИИ КИТОБҲОИ ДАРСИИ ДАР АСОСИ МУНОСИБАТИ БОСАЛОҲИЯТ БА ТАЪЛИМ ТАҲИЯШУДА

11-08-2023
11 августи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоии китобҳои дарсии дар асоси муносибати босалоҳият ба таълим таҳияшуда баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, роҳбари бахши маорифи ЮНИСЕФ Наоко Хосака, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои зертобеи вазорат ширкат намуданд.
Ҷаласаро муовини якуми вазири маориф ва илм оғоз бахшида, қайд кард, ки таҳия ва бознигарии китобҳои дарсӣ боис ба баланд гардидани сифати таҳсилот ва татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим мегардад. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қайд намуданд, имрӯз низоми маорифи кишвар бояд ба стандартҳи муосири маорифи байналмилалӣ гузарад. 
Дар идома маърузаи президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён дар мавзӯи “Муаррифии фаъолияти кормандону масъулони лоиҳаи муносибати босалоҳият ба таълим барои фанҳои забони тоҷикӣ ва математика (синфи 5)” шунида шуд. 
Сипас суханронии роҳбари бахши маорифи ЮНИСЕФ хонум Наоко Ҳосака шунида шуд. Хонум Наоко Ҳосака бо қаноатмандӣ аз рафти таҳияи модели нави китобҳои дарсӣ ва ҳамкориҳои Вазорати маориф ва илм ва ЮНИСЕФ ёдовар шуд.
Дар идома миёни ҳозирин мубодилаи афкор сурат гирифт.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон