РАҲИМ САИДЗОДА АЗ БИНОИ НАВСОХТИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 11-И НОҲИЯИ ШАҲРИТУС ДИДАН КАРД

24-02-2024
Дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмону азнавсозии муассисаҳои таълимӣ бомаром идома дорад. 
Имрӯз, 24 феврали соли 2024 бо мақсади аз наздик шинос шудан бо вазъи таълиму тарбия ва сохтмони муассисаҳои таълимӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз бинои навсохти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11-и ин ноҳия дидан кард. Ҳангоми шиносоӣ бо вазъи муассиса аз ҷониби масъулин дарҷ гардид, ки бинои иловагии навсохти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11 иборат аз 2 ошёна, 8 синфхона, синфхонаи махсус барои гурӯҳи инкишофи кӯдак ва ҳуҷраи омӯзгорон буда, барои 240 ҷойи нишаст дар як баст пешбинӣ шудааст. Айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар бино пурра ба охир расида, муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои фаннӣ идома дорад ва дар рӯзҳои наздик муассиса ба истифода дода мешавад.
Вазири маориф аз сифати корҳои сохтмонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, зимни суҳбат бо омӯзгорон ва масъулон сохтмони чунин биноро барои таълиму тарбияи насли наврас зарур донист. Дар баробари ин таъкид дошт, ки ба масъалаҳои пешниҳоди омори дақиқ аз ҷониби роҳбарони синфҳо ва директори муассиса ҷиҳати таъмини хонандагон ба китобҳои дарсӣ, гирифтани пеши роҳи гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ дар муассиса, риояи талаботи ҳуҷҷатгузорӣ, аз курсҳои такмили ихтисос гузаштани омӯзгорон, ҳозиршавии омӯзгорони ҷавон ба ҷойи кор, таъмини хонандагон ба китобҳои дарсӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, дастгирии омӯзгорони ҷавон, ҷалб накардани омӯзгорону хонандагон ба корҳои ҷамъиятӣ, омӯзиши забони давлатӣ, омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”  ва “Тоҷикистон – Ватани азизам” ва дастгирии омӯзгорони онҳо равона карда, ба масъулин ҷиҳати иҷрои ҳатмию саривақтии стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм, супоришҳои қатъӣ дод.
Дар охир, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода иброз дошт, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон муассисаҳои таълимии ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмиллалӣ сохта ба истифода дода шуда истодааст. Аҳли маорифи ноҳияро мебояд, ки дар ҷавоб ба ин дастгириҳо ба таълиму тарбия диққати ҷиддӣ диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Шаҳритус сохтмони 5 муассисаи таълимӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаҳои сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва сохтмони 6 муассисаи таълимии дигар бо саҳми падару модарон бомаром идома дорад.

Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон