ПРЕЗИДЕНТ – РОҲНАМОИ МАОРИФИ МИЛЛӢ

14-11-2023
14 ноябри соли ҷорӣ  дар маҷлисгоҳи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Президент – роҳнамои маорифи миллӣ» баргузор гардид. Дар он муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, сардорони шуъбаву раёсатҳои дахлдор, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва дигар кормандони соҳаи маориф иштирок намуданд.
Конференсия бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, Ҷамшед Ҷӯразода зимни сухани ифтитоҳӣ қайд намуд, ки бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибдавлатӣ ва соҳибистиқлолии кишвари азизамон имрӯз мо дар остонаи таҷлили санаҳои бузурги миллию таърихӣ - Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президент, ки дастоварди муқаддастарини халқи Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд, қарор дорем. 
Сипас президенти Академияи таҳсилот Муҳаммаддовуд Саломиён ва директори Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи А. Ҷомӣ Асадулло Наҷмиддиниён оиди таваҷҷуҳу ғамхориҳои роҳбари давлат нисбат ба соҳаи маориф маърӯза намуданд.
Дар идома, маърӯзаҳои С. Негматов – сармутахассиси шуъбаи педагогика ва таҳсилоти муосири Акакдемияи таҳсилоти Тоҷикистон дар мавзуи “Эмомалӣ Раҳмон - сарвари хирадпеша ва саодати халқи тоҷик” ва А. Орифов – мудири шуъбаи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва технологияи инноватсионии таълимии Акакдемияи таҳсилоти Тоҷикистон дар мавзуи “Президент ва рушди маорифи миллӣ” шунида шуд.
Дар охир ба як қатор иштирокчиёни конференсия ифтихорномаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи А. Ҷомӣ супорида шуд.
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон