ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “БЕҲТАРИН ОШПАЗИ МАКТАБӢ” ВА ОЗМУНИ ЭҶОДӢ БАЙНИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ КИШВАР ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

11-11-2023
11 ноябри соли ҷорӣ дар Мактаби русӣ-тоҷикии ба номи Ю.А.Гагарини шаҳри Душанбе маросими ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин ошпази мактабӣ” ва озмуни эҷодӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар доир гардид, ки дар он Дилшод Сафарзода - муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зулфия Абдусаматзода - муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вера Хуторская – мушовир-фиристодаи  Сафорати Федератсияи Россия дар Тоҷикистон ва Адҳам Мусаллам - намоянда ва директори Барномаи Озуқавории  Ҷаҳонии СММ дар Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки стратегии давлат ва Ҳукумати кишвар маҳсуб ёфта, яке аз рукнҳои муҳимми таъминкунии аҳолӣ бо маводи ғизоӣ мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалӣ намудани ин ҳадафи стратегӣ ба таври мунтаззам тадбирҳои судманд меандешад. Вобаста ба ин, аз тарафи Ҳукумати кишвар Барномаи Озуқавории Ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид шуруъ аз соли 1999 барои  дастгирии хонандагони мактабҳо ҷалб гардид, ки ба таври пилотӣ дар 52 ноҳия бо фарогирии 50 фоизи хонандагони синфҳои 1-4-и мактабҳои миёна ба роҳ монда шудааст.
- Дар баробари ин, бо мақсади беҳтар гардидани таъмин ба ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2027 қабул гардида, айни замон мавриди амал қарор дорад, - зикр кард Д.Сафарзода - муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. - Дар доираи  Барномаи мазкур Озмуни ҷумҳуриявӣ “Беҳтарин ошпази мактабӣ” байни ошпазон ва Озмуни эҷодӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар баргузор гардид, ки мақсади он баланд бардоштани касбу малакаи ошпазон ва ҷалб намудани таваҷҷуҳи хонандагон ба истеъмоли ғизои солим мебошад.
Бояд зикр кард, ки баргузории ин ду озмун ба 60-солагии фаъолияти Барномаи Озуқавории Ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид рост омад. Рӯзи умумиҷаҳонии озуқа соли 1979 дар конференсияи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ (ФАО) эълон шуда буд.
Ҳадаф аз баргузории ҷашн – баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа аз мушкилоти ҷаҳонии ғизо ва таҳкими ҳамбастагӣ дар мубориза бо гуруснагӣ, камғизоӣ ва камбизоатӣ мебошад. Озмунҳои мазкур  дар доираи Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ (WFP) ва ҳамкории Институти ғизои соҳавии Россия (SIFI) баргузор гардид. 
Дар идома ба ғолибон ва иштирокчиёни озмун туҳфаҳои хотиравии таъсисдодаи кумитаи тадорукоти озмун тақдим карда шуд.