ОЗМУНИ «ДОНИШҶӮИ СОЛ — 2023». Донишҷӯёни беҳтарини тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии Русия муайян гардиданд

27-01-2024
ДУШАНБЕ, 27.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Комиссияи озмуни «Донишҷӯи сол — 2023» даври ниҳоии озмунро баргузор ва беҳтаринҳоро муайян намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар медиҳад.
Озмуни «Донишҷӯи сол — 2023»-ро байни донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Русия таҳсил менамоянд, Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо дастгирии Сафорат ва Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия баргузор намуд.
Ба Комиссияи озмун аз рӯи меъёрҳои муқаррарнамудаи Низомномаи озмун донишҷӯёни тоҷик аз минтақаҳои кишвари иқомат номзадии худро пешбарӣ намуданд. Даври аввал ва дуюми озмун ба таври фосилавӣ ва даври ниҳоии озмун ба тариқи ҳузурӣ баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории озмун дарёфти чеҳраҳои нави ҷавонони лаёқатманди тоҷик дар кишвари иқомат, муаррифии ҷавонони соҳибистеъдод, муттаҳид намудани ҷавонон дар хориҷи мамлакат, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии онҳо, муаррифии чеҳраҳои нав дар соҳаҳои гуногун дар байни донишҷӯён мебошад.
Тибқи қарори Комиссияи озмун, аз рӯи холҳои ба дастоварда ҷойи аввалро Сарваршоҳ Азимов, донишҷӯи Донишкадаи муносибатҳои байналхалқии Москва, ҷойи дуюмро Беҳрӯз Ҳайдаров – донишҷӯи Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия ва Суман Раҳматуллоева– донишҷӯи Донишгоҳи давлатии лингвистикии Москва, ҷойи сеюмро Муҳаммадҷон Оқилов – донишҷӯи Донишгоҳи давлатии индустриалии Сибир ва Азизҷон Холбоев – донишҷӯи Донишгоҳи федералии шарқӣ соҳиб гардиданд.
Беҳтарин донишҷӯёни сол аз ҷониби ҳайати Комиссияи босалоҳият, ки аз ҳисоби аъзои Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия таъсис ёфтааст, муайян гардида, бо диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.