ОҒОЗИ ФОРУМИ ДУЮМИ РЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР ШАҲРИ ТОШКАНД

15-04-2024
Имрӯз дар шаҳри Тошканд Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оғоз гардид, ки дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шарипов Конгратбай, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ифтитоҳи форум нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирамоновичро дар баргузории чунин чорабинии сатҳи баланд махсус қайд намуда, иброз дошт, ки шуруъ аз соли 2017 ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои илму маориф вусъати тоза пайдо кард.
Қайд гардид, ки соли гузашта дар шаҳри Душанбе Форуми якуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид, ки дар он 20 шартномаи ҳамкории байнидонишгоҳӣ ба имзо расид. Дар натиҷаи ба имзо расидани чунин созишномаҳо шумораи зиёди донишҷӯёни тоҷику ӯзбек дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ду кишвар таҳсил намуда, соли гузашта беш аз 100 нафар омӯзгорони донишгоҳҳои Тоҷикистон аз муассисаҳои таҳсилоти олии Ӯзбекистон дидан карданд.
Ёдовар мешавем, ки Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Донишгоҳии давлатии иқтисоди Тошканд бо иштироки намояндагони 17 донишгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 28 донишгоҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон идома дорад. Дар доираи ин форум ба имзо расонидани як қатор шартномаҳои ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар дар назар аст.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон