ОҒОЗИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ 7-8

19-04-2024
Субҳи имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби байналмилалии президентӣ»-и шаҳри Душанбе марҳилаи чоруми олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфҳои 7-8-и муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар оғоз гардид. Дар олимпиада аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хонандагон ширкат варзида, малака, маҳорат ва донишҳои худро муаррифӣ хоҳанд кард.
Дар қисмати ифтитоҳии чорабинӣ муовини вазири маориф ва илми кишвар Зиёдулло Абдулзода, намояндагони сохторҳои маорифи кишвар, хонандагону омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ҳузур доштанд.
Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёни марҳилаи ниҳоии олимпиадаро табрику таҳният гуфта, таъкид намуд, ки тарбияи шахсиятҳои эҷодкор ва болаёқат яке аз муҳимтарин вазифаҳои низоми маориф мебошад.
Дар олимпиада 1499 хонанда иштирок намуда, ҷамъбасти он 21-уми апрел дар назар дошта шудааст.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон