ОҒОЗИ ДАВРИ СЕЮМИ ОЛИМПИАДАИ ФАННӢ

27-01-2024
27 январи соли равон дар Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе даври сеюми олимпиадаи фаннӣ барои хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ барои синфҳои 5 – 6 ва 11 оғоз гардид.
Дар маросими ифтитоҳии даври сеюми олимпиада муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, намояндагони Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, намояндагони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар ва хонандагоне, ки ба ин марҳилаи олимпиада роҳ ёфтаанд, иштирок намуданд.
Зимни сухани ифтитоҳӣ муовини вазири маориф ва илм аз рушди ҳаракати олимпӣ дар кишвар ёдовар шуда, ин ҳамаро натиҷаи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва чораандешии Вазорати маориф ва илм донист.
Ёдовар мешавем, ки ҷамъбасти олимпиада 28 январи соли равон дар назар аст.
Мавриди зикр аст, ки рӯзҳои 3-4 феврали соли равон низ даври сеюми олимпиадаи фаннӣ миёни хонандагони синфҳои 7-8 ва 9-10 – и муассисаҳои таълимии ШНТҶ аз рӯйи 13 фанни таълимӣ дар назар аст. Дар ин марҳилаи олимпиада 2049 нафар аз фанҳои ҷамъиятӣ - гуманитарӣ ва 2065 нафар аз фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ байни ҳам сабқат мекунанд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон