ОЛИМПИАДА АЗ ФАНҲОИ ТАБИӢ-РИЁЗӢ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ 9-10 ОҒОЗ ГАРДИД

28-05-2022
28-уми майи соли ҷорӣ дар Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз фанҳои табиӣ-риёзӣ даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфҳои 9-10-и муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар оғоз гардид. Дар он муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Нусратулло Саломиён, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф, омӯзгорону волидон ва хонандагон иштирок намуданд.
- То имрӯз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо даврҳои ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннии номии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфи 11), барои наврасон аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарии (синфҳои 7-8 ва 5-6) ва олимпиадаи даставии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ (синфҳои 9-10)-ро дар сатҳи баланд бо ҳамдигарфаҳмӣ ва шаффоф баргузор, ҷамъбаст ва натиҷагирӣ кард. Лозим ба ёдоварист, ки дар олимпиадаҳои то имрӯз баргузоргардида, дар маҷмуъ, 5549 нафар хонанда-аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 2391 нафар ва аз муассисаҳои типи нав (мактабҳои Президентӣ, литсей ва гимназияҳо) 2958 нафар фаъолона иштирок карда, сазовори 2243 ҷойи ифтихорӣ (370 медали тилло, 621 медали нуқра ва 1252 медали биринҷӣ) гардиданд, ки таъмини сифатнокии он вобаста ба ҷойҳои ифтихорӣ 40,4 фоизро баробар аст,-қайд кард зимни сухани ифтитоҳии худ З.Абдулзода. 
Баъд аз маросими ифтитоҳӣ хонандагон вобаста ба фанҳо ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, давоми рӯз донишу маҳорати худро нишон медиҳанд. 
Маврид ба зикр аст, ки дар олимпиадаи мазкур зиёда аз 970 нафар хонандаи боистеъдоди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва типи нав аз тамоми манотиқи кишвар ширкат меварзанд, ки ин аз мақому манзалат ва нуфузи олимпиадаҳои фаннӣ ва даставӣ дарак медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки натиҷаҳои олимпиада рӯзи 29-уми май эълон карда мешавад.
Бахтовар САФАРОВ