ОЛИМОН ВА КОРШИНОСОН: "МАВОДИ ОЛИМПӢ БОЯД БА ТАЛАБОТ ҶАВОБГӮ БОШАД"

11-11-2023
“Муайянсозии ғолибони воқеии олимпиадаҳои фаннӣ механизми дурусти арзёбӣ ва саволномаҳои касбӣ таҳияшударо талаб менамояд” – ин нукта имрӯз дар семинар-машварат доир ба омодасозии “Дастурамали таҳияи саволномаҳо барои олимпиадаҳои фаннӣ”, ки бо ҷалби васеи мутахассисон, олимон ва коршиносони Маркази миллии тестӣ, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, ДҶТИБКСМИ ва директорони муассисаҳои таълимиии типи нав дар Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо баргузор карда шуд, баён гардид.
Ба таъкиди иштирокдорони семинар- машварат саволномаҳо дар даврҳои мактабиву ноҳиявии олимпиадаҳои фаннӣ ба такмили сохториву мазмунӣ ниёз доранд, вале то инҷониб ягон дастурамал оид ба таҳияи маводи олимпӣ омода ва нашр нагардидааст.
Тибқи хулосаи коршиносони соҳа – Ҷамшед Азимов ва Хусравбеков Лоиқ аз ММТ НПҶТ, Бой Нодиров аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, Асҳобиддини Шералӣ ва Шавкат Каримзода – номзадҳои илми педагогӣ аз ин ба баъд бояд давра ба давра мазмун ва муҳтавои саволномаҳои олимпӣ мураккабтар гашта, ба корҳои амалии довталабон аҳамияти аввалиндараҷа дода шавад. Зеро муҳассилин дар баробари иштирок дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, инчунин барои ширкат дар олимпиадаҳои байналмилалӣ низ омода бошанд. Ҳамзамон, зарурат пеш омадааст, ки методология ва принсипҳои таҳияи саволномаҳои олимпӣ муайян ва талабот нисбат ба маводи олимпӣ муқаррар карда шавад.
Маврид ба зикр аст, ки дар семинар-машварат инчунин масъалаҳои дигари ҳалталаби соҳа, аз қабили таъсиси гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати фаҳмондадиҳии талаботи асосии озмунҳои фаннӣ, тартиби баргузории озмунҳо, таҳияи дурусти саволномаҳо ва дар ҳолатҳои зарурӣ ҳалли масъалаҳое, ки дар санадшҳои меъёрӣ дарҷ нагардидаанд, баррасӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки семинар-машварат доир ба омодасозии “Дастурамали таҳияи саволномаҳо барои олимпиадаҳои фаннӣ” дар МД “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо” дар ҳамкорӣ бо МД “Маркази миллии тестӣ”-и назди Президенти ҶТ, МД “Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ” – и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Филиали МД “Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф” – и шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз он ҳарчӣ бештар васеъ намудани сатҳу сифати донишандӯзии хонандагони лаёқатманди кишвар мебошад.
Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо