“ОҲ АЗ ИМРӮЗИ БЕФАРДОИ Ӯ...”

14-09-2021
(тақрибан 88 сол қабл Муҳаммад Иқбол вазъи Афғонистонро чунин гуфт ва ҳоло аз он ҳам бадтар аст...)
 
Ончунон ки фарзанди Муҳаммад Иқбол – Ҷовид Иқбол дар китоби хотироташ бо унвони “Зиндарӯд” оварда, моҳи сентябри соли 1933 Иқбол бо чанде фарҳангиёни Ҳинд бо даъвати Нодиршоҳ– шоҳи Афғонистон ба ин сарзамин меоянд. Ҳадафи сафар машварат перомуни масоили омӯзишӣ будааст. Ибтидо назари Иқбол ба вазъи Афғонистон аз он ҷиҳат гарм буд, ки ин мулк дар остонаи як таҳаввулоти ҷиддӣ қарор доштааст: далели аз ҳама муҳим - Нодиршоҳмехост, ки як донишгоҳи ҷадиде дар Кобул таъсис дода, омӯзишу парваришро бо усули ҷадид, бо маслиҳати Иқболу чанде ёронаш ба роҳбимонад. Дар як мусоҳибааш Иқбол бо як ҷумла ин ибтикоротро шарҳ додааст: “Насли ҷавони ин кишвар хостори фарогирии улуми ҷадид ҳастанд ва мехоҳанд онро бо дину тамаддуни хеш созиш диҳанд...”. 
Аснои ин сафар Иқбол дар ҳузури Сарвазири вақти ин мамлакат Сардор Муҳаммад Ҳошимхон аз зарурати сохтани роҳҳо ва кашфи маъданҳо суҳбат карда, афзудааст, ки “бо назардошти он ки дар оянда мавқеи роҳҳои хушкигард меафзояд, Афғонистону Осиёи Марказӣ дар маркази роҳҳое, ки Осиёву Аврупоро ба ҳам мепайвандад, қарор хоҳад дошт. Ин барои Афғонистон хеле муҳим хоҳад буд...”. 
Масъалаи дигаре, ки Иқболро аз диду дарёфти вазъи мулки афғон ба ташвиш оварда буд, масъалаи  тарбият будааст. Аҷиб фармудае дорад Иқбол, ки чун шиор бояд барои тамоми милали дунё хидмат кунад: “Миллатҳо бо кумаки шуаро ба вуҷуд меоянд ва бо кумаки сиёсатмадорон рушд мекунанд ё аз байн мераванд. Лизо дархости ман ин аст, ки шуарои Афғонистон ва нависандагони ин кишвар дар ҷисми муосирони худ он рӯҳеро бидамонанд, ки онҳо тавонанд худро бишносанд. Миллате, ки дар роҳи тараққӣ қадам мебардорад, “худӣ”-и ӯ вобаста аз тарбияти махсус аст ва он тарбияте, ки шерозааш бо эҳтиёт гузошта шуда бошад...”. 
Тамошои шаҳрҳои Кобулу Ғазнӣ ва Қандаҳор Иқболро ҳам шефта ва ҳам пурандӯҳкарда буд. Аз як сӯ ифтихор аз гузашта ва аз сӯйи дигар - афсӯсу надомат аз ин ки кишвар ҳоли табоҳе дорад, ақвомаш парешон ва бо ҳам гургошно, мамлакате саросар бесаводиву ифроту таассуб... Ва Иқбол дар ҷаласае ошкоро хулосаи хешро мегӯяд: “Афғонистон ба марде эҳтиёҷ дорад, ки ин кишварро аз зиндагии фирқаӣ бадар оварад ва мардумро ба ваҳдату ягонагии миллӣ ошно созад...”.
Ҷасорати Иқбол - ин нобиғаи ҳикмату шеърро бинед, ки ин ҷумларо дар маҳфиле баён доштааст, ки дар он вазири дифои кишвар ШоҳМаҳмудхон ширкат дошт...
Дар такшуури Иқбол аз сафараш ба ин мамлакат нороҳатие эҷод шуд: кишваре, ки мардумонаш иттиҳод надорад, фирқа-фирқа бо хостаҳои хеш дар дину оин ва суннатҳо ба сар мебарад, расму одатҳои қурунивустоӣ то кунун побарҷост... 
Аз дидаву шунидаҳо Иқбол маснавие таълиф кард бо унвони “Мусофир”. Аз нигоҳи ин мутафаккир, Афғонистон сарзамине паҳновар, пур аз “боғу роғу дашту ҷар”, мамлакате дар қалби Осиё, дурдонаи Осиё, мавқеи ҷуғрофиаш боиси рашки даҳҳо кишвари дигар: аз як сӯ – роҳба уқёнусу бандарҳо, яъне беҳтарин василаи тиҷорат, аз сӯи дигар – кишварҳои Осиёи Марказӣ ва онсӯтар – Русия... Дар сурати мавҷудияти иттиҳоду ҳамбастагии қавму қабилаҳо, дар ҳоли ҷо кардани ғояи рушду тараққӣ тавассути илму дониш дар тинати мардум, огоҳкардани омма аз он ки бепарвоӣ ва нотифоқиашон оқибат онҳоро ба муддатҳои тӯлонӣ дар “асорат”-и абарқудратҳо хоҳад гузошт, зарурати як ислоҳоти фарогире, ки бояд аз омӯзишу парвариш оғоз шавад, ин мулк комилан тағйири вазъ хоҳад кард, аммо... 
Дар байтҳои зер аз маснавии “Мусофир” Иқбол сарнавишти талхи ин мамлакатро 88 сол қабл пешгӯӣ кард ва имрӯзҳо дар кулли расонаҳои олам чизи дигаре шарҳнамеёбад, ба ҷуз ҳамон дардҳои куҳнае, ки Иқбол дар ин маснавӣ ба онҳо ишора карда буд:
 
Тай намудам боғу роғу дашту дар, 
Чун сабо бигзаштам аз кӯҳу камар. 
Хайбар аз мардони Ҳақ бегона нест, 
Дар дили ӯ сад ҳазор афсонаест. 
Ҷода кам дидам аз ӯ печидатар, 
Ёва гардад дар хаму печаш назар. 
Сабза дар домони кӯҳсораш маҷӯй, 
Аз замираш барнаёяд рангу бӯй. 
Сарзамине, кабки ӯ шоҳинмизоҷ, 
Оҳуи ӯ гирад аз шерон хироҷ. 
Дар фазояш ҷуррабозон тезчанг, 
Ларза бар тан аз ниҳеби шон паланг. 
Лекин аз бемарказӣ ошуфтарӯз, 
Бенизому нотамому нимсӯз. 
Фарри бозон нест дар парвозашон, 
Аз тазарвон пасттар парвозашон. 
Оҳ, қавме бе табу тоби ҳаёт, 
Рӯзгораш бенасиб аз воридот. 
Он яке андар суҷуд, ин дар қиём, 
Кору бораш чун салоти беимом. 
Рез-рез аз санги ӯ минои ӯ, 
Оҳ, аз имрӯзи бефардои ӯ!
 
Он чизе, ки барои Иқбол дар он замон таассуфангез буд ва имрӯз барои мо низ хеле дарднок, ҳамин аст, ки қавму қабоили ин сарзамин ҳеҷ даъвои худӣ (он чизе, ки Иқбол мехосту мегуфт) надоранд, нисбат ба сарнавишташон беэътиноянд, иттиҳод дар гирди сарваре, ки онҳоро ба манзили тараққиву осоиш бубарад, барояшон бегона аст. 
Ҳоло, ҳамин шабу рӯзҳо, ҳар вақте сухан аз фоҷеоти Афғонистон равад, ҳатто коршиносони ҳирфаӣ мегӯянд, ки ин кишвар мудом фирефтаи абарқудратҳо, майдони бозиҳои пуштипардагии онҳо, василаи ситонидани қассоси ҳамдигар шудааст. Ҳар абарқудрате тавассути ин кишвари чиҳил сол боз оғуштаи хун манфиатҳои хешро таги чашм дорад.
Ду ҷанги инглису афғон, истилои русҳо дар тӯли 10 сол (1979-1989) ва 20 соли ҳузури амрикоиҳо (2001-2021) гӯиё натиҷае надоданд: як тӯда паштуҳои саропо мусаллаҳҳам бо аслиҳа ва ҳам бо идеяи асримиёнагии ташкили давлати фундаменталистии динӣ, ки асосан аз як қавми афғонҳо иборатанд, дар ду ҳафтаи баъди “фирор”-и амрикоиҳо ҳама орзуву умедҳои ҳаёти ҷадидро барҳам заданд: ҳам тарзи ҳаёти сусиёлистие, ки русҳо тӯли даҳсол таҳмилашон карда буданд (ба ҳар ҳол, сохтмони макотиб, беморхонаҳо, роҳҳо, иншооти обёрӣ ва дигар инфрасохтори лозим барои тараққиёт) ва ҳам кумаки амрикоиҳо барои таҷҳизонидани артиш ва дар мағзи афғонҳо ҷой кардани арзиши ҳуқуқи инсон (тавассути лоиҳаҳо, ҷалби бонувон ба корҳои иҷтимоӣ, озодии афкору баён, расонаҳои мустақил, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ғайра, дар маҷмӯъ – 2 триллион дулор) ҳамагӣ барбод рафт. Аз онҳо нишоне намонд. Фазои Афғонистонро абри сиёҳе фаро гирифт ва акнун касе пешгӯӣ карда наметавонад, ки боз кай хуршеди озодиву истиқлоли давлат, офтоби ҳаёти шоиста барои ҳар сокини ин мулки ҷафодида аз нав тулӯъ хоҳад кард... 
Аз аъмоқи таърих Афғонистон ба чунин сурат зуҳур карда ва то кунун симои худро ҳамчун як кишвари парешонқавму парешонмиллат тағйир надода... Танҳо боре соли 1747 қумондони сарсахте бо исми Аҳмадшоҳи Дурронӣ тавонистааст, ки мулкҳои алоҳидаи Пешовар, Кобул ва Қандаҳору Ҳиротро, тавре ки дар таърих омада “бо шамшер, макр, хуну оташ ва хиёнатҳо муттаҳид бикунад ва як навъ федератсия бисозад”. Баъди марги Дурронӣ ин мулкҳо аз нав ба ҳоли пешини хеш баргаштанд.  
Гарчи тоҷикон (46 фоизи аҳолии Афғонистон) аз дигар ақвом бештар бошанд ҳам, аммо то кунун бино ба омилҳои айнӣ (таърих ёд надорад, ки ҳеҷ абарқудрате ҷонибдори тоҷикон бошад) натавонистаанд як иттиҳоди сиёсию ҳарбии нерумандеро таъсис бидиҳанд. Истисно танҳо ҳукуматдории муваққати устод Бурҳониддин Раббонӣ буд, ки он замон ба ҷуз Кобулу чанд минтақаи шимол, ҳатто ба ӯзбактаборон таъсир надошт... 
Аммо таърих мегӯяд, ки паштуҳо тактикаи озмудаи ҷангӣ ва макру ҳиллаҳое доштаанд ва дар ҳоли хатар зуд нифоқу низоъҳои байнихудиашонро фаромӯш мекардаанд. Онҳо лашкари бегонаро дарунтар дароварда, дар дараҳои танг ба шикаст мувоҷеҳмекарданд, ҳуҷуми лашкари Ҳахоманишиҳо дар қарни VI-и пеш аз милод аз таърих гувоҳаст. Ҳатто Искандари Мақдунӣ тавассути ҷониби худ ба сад ҳилла ҷалб кардани қабилаҳои пашту тавонист нисбатан солим аз ин минтақа берун шавад.  Шикасти се абарқудрати ҷаҳонӣ – Британияи Кабир дар асри XIX, Русия дар асри XX ва ҳамакнун Амрико дар имрӯз аз мушкил будани истилои ин кишвар ва ба таври ҳайратангез сахтҷон будани аҳолии ин мамлакат дар дифоъи сарзамини хеш гувоҳӣ медиҳанд. 
Аммо имрӯз чӣ? Сари қудрат омадани танҳо як қабилаи пашту, ки асоси онро паштуҳои марзи Покистон ташкил дода, толибон ном гирифтаанд, ҳаргиз маънои дифои истиқлолу озодии Афғонистонро надорад. Инҳо шояд сеяки аҳолии мамлакатро дар бар гиранд, на беш аз ин. Амрико тӯли 20 соли ҳузури низомӣ натавонист миллатсозӣ кунад, механизмҳоеро ба кор барад, ки ҳадди ақал қавмҳои ғайрипашту ба ҳам омада, иттиҳоди мустаҳкаме дар пешорӯи толибон сохта бошанд.
Парокандагии миллатҳои ғайрипашту (ба мамолики турк умед бастани ӯзбактаборон, рӯи ниёз ба Эрон овардани шиаҳои ҳазора ва дар инзиво мондани тоҷикон) оқибат натиҷаи баде дод: толибон бидуни набардҳои сахт вилоятҳоро пайиҳам ишғол ва мардуми норозиро бо тарси калтаку дору сангсор ва дигар ҷазоҳои асримиёнагӣ тобеъи худ карданд. 
Ҳоло Афғонистон давораи номуайянро пушти сар мекунад, толибон ваъдаи таъсиси ҳукумати инклюзивро додаанд, эъломия пахш кардаанд, ки нисбат ба занон ва ба он қишре, ки бо ҳукумат ва сохторҳои амрикоиву дигар давлатҳои хориҷӣ алоқа дошт, кор нахоҳанд гирифт. 
Бале, инҳо насли дигари толибонанд, аммо идеологияи асримиёнагиашон тағйир накардааст-ку. Боз ҳамон қонунҳои даврони дақёнусӣ – манъи мусиқӣ дар ҳам ҷо, ҳатмӣ будани ришу фаш, ибодоти маҷбурӣ, занон дар зери фаранҷӣ ва даҳҳо навъи нақзи ҳуқуқи инсон... Магар бо таъсиси ҳукумати инклюзив (фарзи мисол, агар шавад ҳам) оё толибоне, ки тӯли 20 сол ба хотири иморати исломӣ мубориза кардаанд, аз баҳри ин идеология мебароянд? Оё иҷоза медиҳанд, ки унсурҳои асосии демократӣ, аз қабили интихоботи озод, ширкати фаъоли занон дар корҳои давлату ҷомеа, плюрализми афкор ва ғайра мавҷуд бошанд? Итминон дорам, ки ин ваъдаи толибон то замоне хоҳад буд, ки дар ҷомеаи байналмилалӣ мавқеъ пайдо кунанд, онҳоро, ҳадди ақал ду-се абарқудрат ба расмият бишносанд... 
Ҳоло ягона неруе, ки омодаи мубориза бо толибонанд, Ҷабҳаи муқовимати тоҷикони Панҷшер бо сарварии Аҳмади Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуди сипаҳсолори номист. Аммо ин ҷо низ мақоли “қуввати мушт дар панҷ ангушт” ба кор меояд: ин мубориза ҳамон вақт фаъол ва натиҷаовар хоҳад буд, ки агар Русияву Амрико кумаки техникӣ ва дастгириҳои иттилоотиро барояшон фароҳам оранд. Айни замон муроҷиатҳои Аҳмад Масъуд ба Русия ва баъзе кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Фаронса самар наовардааст... 
Мамолики Осиёи Марказӣ, ба ҷуз Тоҷикистон, алҳол хамӯшии асрорангезе ихтиёр кардаанд. Мавқеи Тоҷикистон аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо вазири хориҷаи Покистон дар сархати расонаҳои дунё қарор гирифт, ки се асли бунёдӣ дорад: аввалан, маҳкум кардани беқонунӣ нисбат ба мардуми Афғонистон, махсусан тоҷикону ӯзбекҳо ва дигар ақаллиятҳои миллӣ, дувум, дар ҳукумати инклюзив ҳатман ҷойи сазовору шоиста гирифтани  тоҷикон, сеюм, бо роҳи раъйпурсӣ муайян кардани сохтори давлат. Ҳаминҳоянд шартҳои асосии Тоҷикистон барои ба расмият шинохтани ҳукумати толибон. 
Аз сӯйи дигар, Афғонистон айни замон, ба масал,  ангушти шашуми дасти инсонро мемонад, ки буданаш айбу гуноҳ, вале аз баҳраш гузаштан басо дарднок аст, чун дар минтақаи барои тиҷорати умум, аз ҷумла барои Тоҷикистон муҳим қарор дорад. Зиёда аз ин, дар сурати пурра ба кор даромадани неругоҳи Роғун бозори асосии фурӯши барқи мо ҳамин кишвар хоҳад буд...
Дар боло ишора кардем, ки ҳастии маънавии миллатҳо маҳз дар адабиёташон бозтоб меёбад ва маҳз адабиёт василаи беҳтарини ошноии дигарон аз ҳолу вазъи ин ё он миллат аст. Аз ин ҷиҳат, фоҷиаи Афғонистонро аз нависандаи афғонтабори муқими Амрико, ки ҳоло дар айни камолоти эҷодист, яъне Холид Ҳусайнӣ, дар каломи бадеъ касе беҳтар ифода накардааст. Соли 2003 романи машҳури ӯ бо номи “Бодбодакбоз” ва баъдан романи дигараш – “Ҳазор офтоби тобон” чоп шуд, ки тирожи ҳарду роман 40 миллионро дар бар гирифт. 
Романи аввал – “Бодбодакбоз” шуҳраи офоқ шуд, бори нахуст ҷомеаи фарҳангии дунё аз тарзи зист ва муаммоҳои ҳастии афғонистониҳо, расму ойин ва тазодҳои миёни қавму қабоили ин кишвар огоҳгашт. Як қисмати ин роман воқеаи ба сари ҳокимият омадани толибон ва зулму ваҳшониятеро, ки ин чингизиёни навбаромад ба сари мардуми бечораи афғон бор мекарданд, фаро мегирад. Нобаробариҳои қавмӣ (дар мисоли Амир – қаҳрамони асар, аз қавми пашту ва аз оилаи ашрофӣ ва дӯсту бародари ӯ – Ҳасан, аз қавми ҳазора, ки назди толибон сари мӯйе арзиш надорад) лейтмотиви асар аст, дигар масъалаи шарафу номуси миллист, эътибори инсоние, ки болотар аз ҳама арзишҳои дигар аст. 
Дар қисмати 17-уми роман ваҳшонияти толибон – танҳо бо баҳонаи аз қавми ҳазора буданашон Ҳасан ва ҳамсараш Фарзона кушта мешаванд, ягона фарзандашон - Суҳроб аввал ба хонаи ятимон ва баъд ба ихтиёр ва истимори толибон вогузор мегардад. Дар роман лаҳзаҳое ҳаст, ки ботини касро тагурӯ мекунанд, эҳсоси нафрати фаровонеро ба ин гуна “соҳибони нави дин” бедор месозанд. Дар қисмати 21-ум – сангсор кардани гунаҳкорон дар варзишгоҳи Кобул, мисли набарди гладиаторҳои Рими бостон. Дар қисмати баъдӣ гуфтугӯи ду рақиби сарсахт – яке Амир, ки аз Амрико барои наҷоти писари дӯсти шаҳидаш омадааст ва дигаре – Осаф, сарвари толибон, ки дар бераҳмӣ ҳамто надорад. 
-“Кадом рисолат? Бо санг куштани ҳамсарони бевафо? Таҷовузи тифлон? Қамчинкориву лабу даҳан буридани занон барои пошнаҳои баланд? Бидуни гуноҳе сари ҳар қадам куштани ҳазораҳо? Ва ҳамаи ин ба хотири ислом?...”.
Аз таълифи ин романи воқеан хонданӣ, ки нависандаашро ба унвони “классики адаби муосири ҷаҳон” шуҳраи офоқ кард (тасаввур кунед: 40 миллион нусха, дар 70 кишвар, бо 57 забони олам), 18 сол сипарӣ шуд. Ҳоло ин адиб сокини Калифорнияи Шимолӣ буда, хазинаеро таъсис додааст ва мунтазам барои мардуми дармондаву бечораи афғон аз ҳисоби худаш молу коло мефиристад. Ӯ чанде пеш дар шабакаи Фейсбук дарду аламашро аз фироқи амакдухтараш, ки дар Ҳирот бо як писараш мондааст, муфассалан навишта, ба хулосае омадааст, ки “толибон тағйир накардаанд...”. Наворҳои тоза аз Ҳирот (аз бераҳмии толибон нисбат ба аҳолӣ) ӯро чунон ба танг оварда, ки менависад: “Агар толибон тағйир накардаанд ва чизе ба онҳо монеъ намешавад, ки қонунҳои ваҳшиёна ва ғайриинсонии худашонро ба сари мардуми пуртоқат таҳмил кунанд, пас, чӣ бояд кард? Бо занону духтарон чӣ мешавад? Ман ҷавобе надорам. Ҳаминро медонам, ки қалбам пур аз ғам аст...”.
Банда, ҳамчун як хонандаи осори ин нависанда, бояд бигӯям, ки романи “Бодбодакбоз” аз беҳтарин осори тарбиявии насли имрӯзаи мо, тоҷикон, аст. Асари бадеӣ бояд эҳсосбарангез бошад, қалби инсонро такон бидиҳад, махсусан агар сухан аз бераҳмиву истибдод ва таассубу ифрот равад. 
Аслан, сабабу иллати ба фоҷиаҳои паёпай гирифтор шудани мардуми Афғонистон ҳамин аст, ки ба қавли Аъзам Раҳнаварди Зарёб, адиби хушноми афғон, ақибмондагии фарҳанг аз тамаддун дар ин кишвар аст. Идомаи андешаи ӯ бисёр ҷолиб аст: “Тамаддунҳои ғарбӣ дар кишварҳои шарқӣ хеле зуд тавонистанд роҳёбанд, аммо фарҳанге, ки тамаддунро ҳамроҳӣ кунад, ақиб монд. Робитаи фарҳангу тамаддун чист? Худи тамаддун чист? Ба ақидаи ман, тамаддун талоши одамӣ барои осон сохтани зиндагист. Барои мисол, одамӣ хост фосилаҳоро кутоҳбисозад, дар натиҷа мошинро сохт. Талоши одамӣ барои кутоҳсохтани фосилаҳо мошинро ба вуҷуд овард. Аммо вақте мошин ба вуҷуд омад, лозим буд, ки ду мошин ба ҳам барнахӯранд, лозим буд ин мошин маҳдудиятҳоеро бипазирад. Дар натиҷа, муқаррароти ронандагӣ ба вуҷуд омад, ки дарвоқеъ, фарҳанги ронандагист. Яъне, мошин аввал ба вуҷуд омад, ки унсури тамаддун аст, баъд муқаррароти ронандагӣ ба вуҷуд омад, ки фарҳанги марбут ба мошин аст. Шумо мебинед, ки мо охирин мудели мошинҳоро дар Кобул дорем, аммо фарҳанги ронандагӣ надорем. Фарҳанг бо мошин якҷо намеояд. Бад-ин сон ҳама ҷанбаҳои тамаддун ба кишварҳои шарқӣ, аз ҷумла Афғонистон омад, вале фарҳанги он наомад. Тамаддунро ворид карда метавонем, аммо бисёр душвор аст, ки мо фарҳангро ворид кунем. Фарҳангро ворид карда наметавонем. 
Вақте мо сари мудерните суҳбат мекунем, дар Афғонистон мазоҳири моддии мудерните омад, яъне сохтмонҳо, барқ, мошин, корхонаҳо ва хиёбонҳои мудерн. Аммо ин мазоҳири тамаддун бо як фарҳанги бегона бархӯрд кард. Чун фарҳанги худаш ҳамроҳаш набуд. Дар натиҷа, байни фарҳангу тамаддун тазод ба вуҷуд омад ва ин тазод то ҳанӯз вуҷуд дорад...”.
Як унсури фарҳанг тарзи солими андеша ва доштани афкори озод ҳам ҳаст, аз ҷумла фарҳанги зистан дар як қаламрави бузург бо мардумони дорои хостаҳо, донишҳо ва эътиқодоти дигар. Дар маҷмӯъ, фарҳанги ватандорӣ. Адами ҳамин навъи фарҳанг Афғонистонро ба ин ҳоли бад расонд. Яъне адами таҳаммулгароӣ. Президенти ИМА Ҷо Байден дар яке аз баёнияҳояш гуфт, ки “мо ба артиши афғон навтарин силоҳдодем, шумори асокирро ба 300 ҳазор расондем. Аммо натавонистаем, ки ба ин артиш ва мардум иродаи мубориза бар зидди ҷаҳолатро омӯзонем...”. 
Банда ин андешаро дар мавзӯи Афғонистон меҳварӣ мешуморам. Набудани ирода барои дифоъ аз кишвар сабаби аслии шикасти мардуми афғон аст. Бархе муҳаққиқон ба ин назаранд, ки мардуми ин кишвар аз ибтидо фиреби дигаронро мехӯрд ва ҳоло ҳам чунин аст. Инсоф, магар мешавад, ки миллати худшиносро ба доми фиреб афкананд? Посухи Ҳаким Фирдавсӣ басо муносиби анҷоми ин суол ва умуман ин навиштор менамояд: 
 
Киро дар ҷаҳон ҳаст ҳушу хирад,
Куҷо ӯ фиреби замона хӯрад?
                                            
 
                                                     ҲАФИЗ РАҲМОН,
                                            адабиётшинос, устоди ДМТ