Намоиши китобҳои дарсию бадеии Муассисаи нашриявии “Маориф”-и Вазорати маориф ва илм дар Намоишгоҳи ёздаҳуми байналмилалии “Китоби Душанбе”

03-10-2023
3 октябри соли 2023 бо дастури вазири маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро Муассисаи нашриявии “Маориф” дар Намоишгоҳи ёздаҳуми байналмилалии “Китоби Душанбе”, ки дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон кушода шуд ва то  5-уми октябри соли равон идома хоҳад ёфт, иштирок намуда, беҳтарин адабиёти тозанашри таълимӣ, бадеӣ ва дастурҳои таълимиро, ки аз ҷониби вазорат тайи чанд соли охир нашр гардидаанд, ба намоиш гузошта. Маводди ба намоиш гузоштаи муассиса дастовардҳои Вазорати маориф ва илми ҷумҳуриро дар самти табъу нашри адабиёти таълимию бадеӣ ба меҳмонону иштирокдорони намоишгоҳ муаррифӣ менамояд.
Дар намоишгоҳи мазкур зиёда аз 130 номгӯй китоби дарсӣ, беш аз 60 номгӯй китоби бадеӣ ва дастурҳои таълимӣ, ки бо тамғаи Муассисаи нашриявии “Маориф” аз тариқи матбааву чопхонаҳои ватанӣ бо сифати баланд нашр гардидаанд, ба намоиш гузошта шудаанд.
Қобили зикр аст, ки Муассисаи нашриявии “Маориф” дар ҳамаи намоишгоҳҳои байналмилалии китоб, ки аз соли 2011 инҷониб чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар баргузор мегарданд, иштирок намуда, сазовори медалу дипломҳои зиёд гардидааст.  Аз ҷумла дар Намоишгоҳи даҳуми байналмилалии “Китоби Душанбе”, ки тобистони соли ҷорӣ баргузор гардида буд, фаъолона иштирок намуда, барои саҳми арзанда дар татбиқи босамари сиёсати фарҳангии кишвар ва баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷомеа бо Сипоснома сарфароз гардонида шудааст.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон