МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО ВАЗЪИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ МИНТАҚАИ БОХТАРИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ШИНОС ШУД

09-03-2024
Имрӯз, 9 марти соли 2024 гурӯҳи кории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода аз муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон дидан кард. Зимни боздид аз муассисаҳои таълимии минтақа ба масъалаҳои тарғиби китобхонӣ, сифати таҳсилот, иштироки хонандагон дар дарсҳо, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва тарбияи ватандустӣ диққати асосӣ дода шуд.
Ҳангоми шинос шудан ба вазъи таълиму тарбия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 39-и ноҳияи Кӯшониён ба муовини вазири маориф ва илм иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаи мазкур 1821 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, 64 нафар омӯзгор ба онҳо дарс мегӯянд. Мутаассифона, то имрӯз дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ хонандагони муассиса соҳиби ягон дастовард нагардидаанд. 
Дар синфи 11 "В"-и муассисаи мазкур аз 23 нафар хонанда 19 нафар, дар синфи 11 "Б" аз 26 нафар хонанда 22 нафар ва дар синфи 8 "А" аз 30 нафар хонанда 20 нафар дар дарсҳо иштирок доштанд, ки қонеъкунанда нест. Ҳолати бо худ наовардани китобҳои дарсӣ низ аз ҷониби хонандагон ба чашм мерасид, ки ин ба рафти дарсгузарӣ ва донишазхудкунии хонандагон халал ворид месозад.
Муовини вазири маориф ва илм ба фаъолияти директори муассисаи таълимӣ шинос гардид. Иштироки директор дар дарсҳои омӯзгорон ба қадри кофӣ набуда, ҳамагӣ 19 соатро ташкил медиҳад.
Ҳангоми суҳбат бо хонандагону омӯзгорон муовини вазири маориф ва илм қайд намуд, ки масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсилот, беҳтар намудани таълиму тарбия дар муассисаи таълимӣ, махсусан, давомоти хонандагон бояд бознигарӣ карда шавад.
Дар идома муовини вазири маориф ва илм аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-и шаҳри Бохтар, ки дар он 1880 хонанда таҳсил намуда, ба онҳо 68 нафар омӯзгор дарс мегӯянд, дидан кард. Ҳангоми боздид маълум гардид, ки дар синфи 11"А" аз 32 нафар хонанда 25 нафар дар дарс иштирок доранд. Муовини вазири маориф ва илм ба масъалаҳои давомоти хонандагон, таъмини хонандагон ба китобҳои дарсӣ, кабинетҳои фаннӣ, норасоии кадрҳои омӯзгорӣ, гузаштани дарсҳои тарбиявӣ, омӯзиши илм, рӯ овардан ба китоб, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, тарғиби китобхонӣ, рушди маҳоратҳои касбии омӯзгорон, пешгирӣ аз гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун таваҷҷуҳ намуда, беҳтар намудани фаъолиятро дар ин самт боиси рушди соҳа донист.
Зимни боздид аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и шаҳри Леваканд иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта 5 нафар хонандаи муассиса дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ғолибият ба даст оварданд. Аммо дар баробари ин зарурати беҳтар кардани вазъи таълиму тарбия дар муассисаи мазкур, ки дар он 1495 нафар хонанда таҳсил намуда, 92 нафар омӯзгор ба онҳо дарс мегӯянд, пеш омадааст. 
Муовини вазири маориф ва илм ҳангоми суҳбат бо хонандагону омӯзгорон аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, ба масъулин ҷиҳати пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, таъмини муассисаҳо бо адабиёти бадеӣ, фарогирии бештари кӯдакон ба кӯдакистонҳо ва марказҳои инкишофи кӯдак, интизоми меҳнат ва давомоти хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ, ҷалб ва дастгирии омӯзгорони ҷавон, гузариши хонандагони синфҳои 9-и муассисаҳои таълимӣ ба синфи 10, пурра бартараф намудани норасоии кадрӣ дар муассисаҳои таълимӣ, назорати муассисаҳои таълимӣ дар самти таълиму тарбия, сохтмон ва таъмиру азнавсозии онҳо аз ҷониби мақомотҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, пешгирии ҷинояткорӣ аз тарафи ноболиғон, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, наовардани китобҳои дарсӣ ва маводҳои хониш, танзими сару либоси тавсиявӣ, сохтмони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ ва бартараф намудани норасоии ҷойи нишаст, азхудкунии барномаҳои таълимӣ аз ҷониби хонандагон, дохилшавии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, зиёд намудани иштирокчиёни озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва таъмини шаффофият дар онҳо, пешгирии маблағҷамъкунии ғайриқонунӣ дар муассисаҳои таълимӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон