МАРОСИМИ БАИМЗОРАСОНИИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ МИЁНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА МАҶОРИСТОН

23-10-2023
23 октябри 2023 дар Люксембург дар ҳошияи баргузории 19-умин иҷлоси вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ маросими баимзорасонии Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва тиҷорати Маҷористон оид ба ҳамкорӣ дар доираи барномаи бурсиявии Маҷористон барои солҳои 2023-2025 аз ҷониби вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва вазири корҳои хориҷӣ ва тиҷорати Маҷористон Питер Сийярто сурат гирифт.
Санади мазкур раванди мубодилаи академикиро миёни ду кишвар ба танзим дароварда, донишҷӯён метавонанд тавассути ба даст овардани бурсияҳо дар мактабҳои олии ҳарду кишвар таҳсил намоянд.