МАРКАЗИ БАРНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: Ҳуҷҷатсупорӣ барои бурсияҳои таҳсил дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оғоз гардид

27-10-2023
ДУШАНБЕ, 27.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бурсияҳои таҳсилӣ ҷудо намудааст.
Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар риштаҳои маориф, менеҷмент ва идоракунӣ, иқтисодиёт, IT-технологияҳо, аграрӣ, техникӣ ва муҳандисӣ, табиӣ ва риёзӣ ва соҳаи фарҳанг бурсия ҷудо намудааст.
Довталабоне, ки хоҳиши таҳсил дар Шоҳигарии Арабистони Саудиро доранд, ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» дар суроғаи Мирзо Турсунзода, 47 муроҷиат намоянд.
Инчунин метавонанд бо телефони  +992 372 23 23 59 муроҷиат намоянд.