Мақолаи Саидзода Раҳим Ҳамро - вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Омӯзгор”, №46, 16.11.2023 НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ МАОРИФИ МИЛЛӢ

16-11-2023
Дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маориф соҳаи афзалиятнок пазируфта шудааст ва баҳри рушду пешрафти он пайваста тадбирҳои судманд андешида мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба даст гирифтани зимоми давлатдорӣ таваҷҷуҳи асосиро ба пешрафти соҳаи маориф равона карданд. Ҳамин аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ соҳаи мазкур ба таври чашмрас рушд намуд, ки бунёди муассисаҳои таълимӣ, таълифу такмили китобҳои дарсӣ, қабули қонуну барномаҳои давлатӣ, баланд гардидани сатҳу сифати таълим ва амсоли инҳо далели ин гуфтаҳост.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёму суханрониҳояшон ба мактабу маориф ва тарбияи шоистаи насли наврас таваҷҷуҳ менамоянд ва ҷиҳати рушду пешрафти соҳа дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23.12.2022) соҳаи маорифи кишварро таҳлилу баррасӣ намуда, доир ба рушду пешрафт ва мавқеи он дар ҷомеаи муосир бамаврид таъкид карданд: “Бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Бинобар ин, ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне, ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мо дар сиёсати иҷтимоии Давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳими низоми иҷтимоӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаем. Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад”. Ин гуфтаҳо шаҳодати он аст, ки Пешвои миллат маорифро асоси наҷоти миллат донистаанд ва пешрафти ҳамаҷонибаи кишвар аз мутахассисони варзида ва дорои ҷаҳонбнии васеъ вобаста аст. Ғамхориву дастгириҳои аҳли маориф дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва дар ҳар як суханронии хеш бо аҳли маориф масъалаи баланд бардоштани мақоми омӯзгор, сатҳу сифати таълим ва тарбияи шоистаи насли наврасро ба таври махсус таъкид мекунанд. Аз ҷумла, Пешвои миллат дар суханронии хеш дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон қайд намуданд: “Ман дар асоси таваҷҷуҳу эҳтироме, ки нисбат ба илму маориф ва мактабу омӯзгор дорам, иброз медорам, ки маҳз тавассути рушди босуботи соҳаи маориф, таҳкими заминаҳои он ва заҳмати содиқонаи омӯзгорон мо тавонистем, ки чеҳраи воқеии халқи тоҷикро дар замони муосир ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем”.
Бояд гуфт, ки рушди соҳа, пеш аз ҳама, ба маблағгузориву сармоягузории он вобастагии амиқ дорад. Аз ин ҷост, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ маблағгузорӣ ба соҳаи маориф ба таври чашмрас афзоиш ёфт. Ба гунаи мисол, агар соли 2000 ба соҳаи маориф 37 миллиону 425 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2023 ба 7 миллиарду 210 миллион сомонӣ расид, ки аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни Пешвои миллат ба соҳаи маориф шаҳодат медиҳад. Дар баробари ин, ислоҳот дар ҳамаи самтҳои соҳаи маориф бомаром ҷараён дорад ва татбиқи маблағгузории сарикасӣ (меъёрӣ) дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ аз ҷумлаи қадамҳои ҷиддӣ дар пешрафти соҳа ба ҳисоб меравад. Ин омил имкон фароҳам меорад, ки муассисаҳои таълимӣ мустақилияти молиявӣ ба даст оранд ва фаъолияти онҳо такмилу таҳким ёбад.
Зинаи аввали баланд бардоштани сатҳу сифати таълим рушди таҳсилоти томактабӣ мебошад. Таҳсилоти томактабӣ ҷиҳати ташаккули шахсияти кӯдак ва омода намудан ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ нақши муҳим дорад. Дар замони соҳибистиқлолӣ бунёди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бештар гардид ва фарогирӣ ба онҳо тадриҷан зиёд мешавад. Ба ҳамагон маълум аст, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сафарҳои кории хеш ба шаҳру навоҳии мамлакат чандин муассисаи нави таълимиро бо тамоми таҷҳизоти замони муосир мавриди истифода қарор медиҳанд, ки ин имкон фароҳам меорад, кӯдакон ҳар чи зуд ба зинаи мактабӣ омода гарданд.
Таҳсилоти умумӣ ба ташаккули шахсияти кӯдак мусоидат карда, ҳамчун зинаи асосӣ мавқеи устувор дорад. Дар замони соҳибистиқлолӣ вобаста ба мазмуну муҳтаво ва моҳияти таълим, ворид шудан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот ва шаклгирии мактаби миллӣ корҳои шоиста сурат гирифт. Маълум аст, ки кӯдак дар мактаб ба камол расида, соҳиби донишу малака ва ҷаҳонбинии васеъ мегардад. Ҳамин аст, ки сохтмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар мамлакат зиёд гардида, ҳамасола даҳҳо мактаби нав ба истифода дода мешавад. Дар баробари ин, ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ муносибати босалоҳият ба таълим роҳандозӣ гардидааст. Дар доираи он маводи зарурӣ (стандарт, барнома, замима ба китобҳои дарсӣ ва роҳнамои омӯзгор) омода шуд ва омӯзгорони ҳамаи фанҳои таълимӣ аз курсҳои омӯзишӣ гузаронида шуданд ва маълум мегардад, ки ба баланд гардидани сатҳу сифати таълим такони ҷиддӣ бахшид.
Бо дастури Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардид, ки ба таваҷҷуҳи хонандагон ба омӯзиши фанҳои бунёдӣ мусоидат кард. Вобаста ба ин ташаббус миёни хонандагону донишҷӯён олимпиадаҳои фаннӣ гузаронида мешавад ва ба дарёфту ҷалби бештари наврасону ҷавонони болаёқат ба илмҳои бунёдӣ сабаб мегардад.
Тадбири судманди дигар, ки аз ҷониби Пешвои миллат роҳандозӣ гардид ва ба рушди маънавии ҷомеа такони ҷиддӣ бахшид, баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва ““Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат” мебошад. Воқеан, озмунҳои мазкур, аз як тараф, ба дарёфти истеъдодҳо ва аз ҷониби дигар, дар рушди маънавӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон мусоидат карданд. Дар ин миён озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки соли панҷум аст, баргузор мегардад, наврасону ҷавонон ва умуман, тамоми қишрҳои ҷомеаро ба омӯзишу мутолиаи осори бадеӣ ҷалб намуд.
Ҳадаф аз ин ташаббусҳои судманд ҷалби бештари толибилмони болаёқат, ихтироъкор ва боистеъдод ҷиҳат омӯзишу мутолиаи асарҳои илмию бадеӣ, азхуд кардани дастовардҳои навтарини илмию техникӣ, ба таври фарогир омӯхтани фанҳои алоҳида, пурра ошноӣ пайдо кардан ба технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, ихтироъкорӣ, инчунин, омодагӣ ба озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ ва вусъат бахшидан ба ҳаракати олимпӣ дар ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Ҳамин аст, ки дастоварди хонандагони тоҷик дар озмуну олимпиадаҳои бонуфузи байналмилалӣ назаррас аст.
Дар замони соҳибистиқлолӣ Вазорати маориф ва илм ҷиҳати эҷоди барномаву китобҳои дарсӣ ва мураттабу тайёр намудани дастуру воситаҳои ёрирасон тадбирҳои судманд меандешад, чунки заминаи асосии ислоҳоту навгонӣ дар соҳа ва беҳтар шудани сатҳу сифати таҳсилот ба китобу барномаҳои мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ иртибот мегирад. Дар шароите, ки Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба илму маориф ва таълиму тарбия ҳамчун пояи муҳимми давлатдорӣ ва манбаи ташаккули захираҳои инсонӣ таваҷҷуҳи махсус дорад, таъмини муҳассилин бо китобҳои дарсӣ ва омӯзгорон бо маводи методӣ муҳимтарин омили пешрафти ин соҳа ба ҳисоб меравад. Дар ин маврид Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: “Масъалаи дигар ва хеле муҳими соҳаи маориф мувофиқи талаботи замон омода кардан ва аз чоп баровардани китобҳои дарсӣ мебошад. Аслан китоби дарсӣ бояд донишу малакаи пешиниён ва руҳи замони муосирро фаро гирифта, барои даҳсолаҳо навишта шавад. Дар марҳилаи имрӯза вазифаи навбатии олимону мутахассисон ва адибону омӯзгорон таҳия ва нашри китобҳои дарсие мебошад, ки дастовардҳои илми муосир, фарҳангу арзишҳои миллӣ ва арзишҳои эътирофгардидаи умумибашарӣ, рамзу оинҳои давлатдорӣ, қадр намудани истиқлолияти давлатӣ, волоияти қонун, эҳтироми меъёрҳои умумии ҳуқуқи инсон ва дигар паҳлуҳои ҳаёти гузашта, имрӯза ва ояндаи моро фаро гиранд”.
Таъкид кардан бамаврид аст, ки дар умум, солҳои 2000-2022 850 номгӯйи китоби дарсӣ (бо иловаи нашрҳои такрорӣ) барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, инчунин, барои муассисаҳои таълимии таҳсилашон ба забонҳои ақаллиятҳои миллӣ (русӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ ва туркманӣ) бо теъдоди зиёда аз 50 миллион нусха ба нашр расидааст. Ҳоло нашрҳои сеюм ва чоруми китобҳои мазкур бо дарназардошти ислоҳоти соҳаи маориф аз нигоҳи мазмуну муҳтаво ва мундариҷа такмил ва нашр мегарданд. Дар баробари ин, адабиёти таълимӣ бо дигаргуниву таҳаввулот ва навгониҳои илмӣ таҳия шуда, дар мазмуну муҳтавои ин асарҳо бештар дар руҳияи худогоҳиву шинохти асолати миллӣ ва дарку маърифати таърихи пурифтихори хеш ба камол расидани хонандагон таваҷҷуҳ карда шудааст.
Дар замони муосир талабот ба ҷавонони соҳибкасб бештар гардидааст, ки дар ин ҷода нақши таҳсилоти миёнаи касбӣ бузург аст. Дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таъсис додани муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ ва соҳибмаълумот намудани ҷавононе, ки ба гирифтани маълумоти касбӣ рағбат доранд, натиҷаҳои дилхоҳро ба бор овард. Дар ҷумҳурӣ шумораи муассисаҳои таълимии касбии ғайридавлатӣ 23 адад буда, дар онҳо донишҷӯёни зиёде аз рӯйи 5 самт – тиббӣ, омӯзгорӣ, техникӣ, технологӣ ва фарҳанг ҷалб гардидаанд. Дар ҷумҳурӣ 86 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият мекунад, ки нисбат ба соли 1991 41 адад (53%) зиёд буда, дар онҳо аз рӯйи 9 равия (тиббӣ, омӯзгорӣ, аграрӣ, фaрҳанг, техникӣ, технологӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқ ва варзиш) мутахассисон омода карда мешаванд. Бояд гуфт, ки шароит дар ин типи муассисаҳо тадриҷан ба низоми муосири таълим мувофиқ карда мешавад ва донишҷӯён дар онҳо соҳибкасб ба камол мерасанд.
Зинаи таҳсилоти олии касбӣ заминаи асосии неруи илмии кишвар маҳсуб меёбад ва маҳз дар мактабҳои олӣ мутахассисони донишманду забондон ва ҷавобгӯ ба бозори ҷаҳонии меҳнат тайёр мегардад. Шоистаи таъкид аст, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ зинаи таҳсилоти олии касбии кишвар ҳам аз ҷиҳати теъдод зиёд ва ҳам аз ҷиҳати сифат такмил ёфт. Ба гунаи мисол, агар соли таҳсили 1991-1992 дар ҷумҳурӣ 13 мактабӣ олӣ фаъолият дошт, ин рақам ҳоло ба 46 муассисаи олӣ ва беш аз 220 ҳазор донишҷӯ расидааст, ки ба омӯзиши донишҳои замонавӣ ҷалб шудаанд.
Дар сиёсати давлатӣ ба рушди илму технология, фаъолияти инноватсионӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад. Бо дастгирии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ба рушди илми миллӣ мусоидат менамояд. Аз ин ҷост, ки сол то сол сафи кадрҳои илмӣ дар кишварамон бештар гардида, имкони мусоид ҷиҳати муаррифии дастовардҳои илмӣ ба вуҷуд омад. Дар ҷумҳурӣ 66 шурои диссертатсионӣ амал менамояд, ки аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, аз рӯйи 154 ихтисоси анъанавӣ ва 154 ихтисоси доктори фалсафа (PhD) амал мекунад ва 253 диссертатсия аз ҷониби Комиссияи мазкур тасдиқ гардидааст. Дар ҷумҳурӣ 18 шурои диссертатсионии назди Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия фаъолият дорад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишвар ва ташкилотҳои хориҷӣ беш аз 130 созишнома ва барномаҳои ҳамкории байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар соҳаи маориф, илм ва техникаро ба имзо расонидааст. Дар асоси санадҳои мазкур зиёда аз 40 ҳазор шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи ихтисосҳои барои иқтисодиёти миллии кишвар зарур дар 38 кишвари ҷаҳон таҳсил мекунанд. Соли 2008 дар назди Вазорати маориф ва илм Маркази барномаҳои байналмилалӣ таъсис дода шуд. Дар ин замина маркази мазкур бо мақсади тайёр намудани мутахассисони сатҳи байналмилалӣ аз рӯйи он ихтисосҳое, ки дар кишвар омода карда намешаванд ва рушди иқтисодиёти мамлакат ба онҳо ниёз дорад, соли 2009 Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Дурахшандагон» созмон дода шуд, ки то имрӯз аз ҳисоби стипендияи мазкур беш аз 400 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода шудаанд.
Дарвоқеъ, дастовардҳои соҳаи маориф дар замони соҳибистиқлолӣ назаррас мебошад, ки дар он саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургу мондагор аст. Маҳз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду пешрафти маорифи миллӣ мусоидат кард.
Мусаллам аст, ки дар сиёсати давлатӣ самти арзишманду афзалиятнок пазируфта шудани соҳаи маориф аҳамияти муҳимми сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маърифатию фарҳангӣ дошта, ба рушду инкишофи ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад. Ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва расидан ба ваҳдати миллӣ заминаҳои асосиро ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои бузург дар соҳаи маориф мусоидат кард. Мақом ва манзалати низоми маориф дар пешрафту таҳаввулоти ҷомеа такмил ёфта, ба сифати омили пешрафти иқтисодиёт ва амнияти миллӣ шинохта шуд. Аз ин рӯ, соҳаи маориф яке аз омилҳои асосии пешрафти ҷомеа маҳсуб ёфта, дар замони муосир ва рушди бавусъати илму технология вазифаҳои муҳимму саривақтиро ба миён гузоштааст. Ислоҳоти куллие, ки дар соҳаи маориф ба назар гирифта шудааст, имкон фароҳам меорад, то маорифи миллии мо бо таҳсилоти ҷаҳонӣ дар як сатҳ қарор гирад. Дар ин маврид Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамавқеъ гуфтаанд: “Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем. Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад. Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад”.