КОНФРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ - НАЗАРИЯВӢ ДАР МАВЗУИ “МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ НАЗАРИЯ ВА АМАЛИЯИ ТАҲҚИҚОТИ ПЕДАГОГӢ : ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ЗАМОНИ МУОСИР”

19-10-2023
19 октябри соли равон бо ташаббуси Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ дар толори Академияи таҳсилоти Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами назария ва амалияи таҳқиқоти педагогӣ: дурнамои рушди он дар замони муосир” баргузор гардид. Дар он мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Саломиён Муҳамаддовуд, директори филиали Донишгоҳи давлатии техникии Тошкент ба номи Ислом Каримов дар Коканд Кушимов Бахтиёр, роҳбарони муассисаҳои зертобеъ, шарикони рушд ва дигар кормандони соҳаи маориф иштирок намуданд.
Нахуст, Масрур Абдуллозода зимни сухани ифтитоҳӣ аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати соҳаи маориф қайд намуда, зикр кард, ки соҳаи маориф дар сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақоми аввал қарор дорад.
Сипас, Зиёдулло Абдулзода иброз дошт, ки амалӣ сохтани тамоми иқдомот, аз ҷумла баргузории конфренсияҳои сатҳи байналмилаливу ҷумҳуриявӣ дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замон ҷавобгӯй, баланд бардоштани мақоми омӯзгор, таҳияи маводҳои таълимӣ, заминаҳои методии инкишофи таҳқиқот дар педагогика ва татбиқи муносибати босалоҳият дар раванди таълим омилҳои таъсиррасон дар рушди соҳаи маориф ба шумор меравад.
Дар идома президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Саломиён Муҳамаддовуд, директори филиали Донишгоҳи давлатии техникии Тошкент ба номи И. Каримов дар Коканд Кушимов Бахтиёр, директори Пажуҳишгоҳи рушди маориф Наҷмиддиниён Асадулло ва дигар олимону пажуҳишгарон маърӯза карданд.
Ёдовар мешавем, ки дар оғози кори конференсия дар бинои Пажуҳишгоҳи рушди маориф “Маркази омӯзиши осори Пешвои миллат” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар маҷмуъ, дар конференсия мақолаву маърузаҳои зиёд пешниҳод гардида, маводҳои конференсия дар шакли китоби алоҳида ба чоп хоҳад расид.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон