КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР МАВЗУИ “КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: ЗАМИНАИ РУШДИ БОСУБОТИ СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМИ КИШВАР”

03-11-2023
3 ноябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илм бахшида ба 29-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: заминаи рушди босуботи соҳаи маориф ва илми кишвар” баргузор гардид, ки дар он вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсат, шуъба, бахш ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат иштирок намуданд.
Нахуст вазири маориф ва илм зимни сухани табрикотии худ аз таърихи Конститутсия ёдовар шуда, зикр намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳсуб ёфта, Тоҷикистонро давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона эълон намуд. Бо шарофати ин санади муҳими тақдирсоз ва саъю талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илму маориф имрӯзҳо ба дастовардҳои бузург ноил гардида истодааст.
Ҳамчунин дар конференсия маърузаҳои Зиёев Қурбоналӣ – мудири Осорхонаи маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар мавзуи “Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қабули Конститутсия ва дар таҳкими низоми конститутсионӣ”, Маҳмудов Изатулло – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, мудири кафедраи иқтисод ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Аҳамияти Конститутсия дар таҳкими низоми ҳуқуқӣ” ва маърузаи Қодирзода Далер - номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, корманди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Аҳамияти Конститутсия дар таҳкими низоми сиёсии кишвар ” шунида шуд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон