КОНФЕРЕНСИЯИ ДУЮМИ МИНТАҚАВӢ ДАР МАВЗУИ «ҶАНБАҲОИ МИНТАҚАВИИ РУШДИ УСТУВОРИ ТАҲСИЛОТИ КАСБӢ: МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМО»

25-10-2023
24-25 октябри соли 2023 дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон конфронсидуюми минтақавӣ дар мавзӯи «Ҷанбаҳои минтақавии рушди устуворитаҳсилоти касбӣ: мушкилот ва дурнамо» баргузор гардид, ки дар он беш аз 250 намоянда аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ширкат доштанд.
Дар конфронси мазкур аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори раёсати илм ва инноватсия Сироҷиддин Ниёзӣ, сармутахассиси раёсат Некрӯз Муминов, ҳамчунин зиёда аз 15 нафар намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ иштирок карданд.
Дар ҷаласаи ифтитоҳӣ Сироҷиддини Ниёзӣ аз номи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маъруза дар мавзуи «Таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилот ва дурнамо» баромад намуда, дар бораи тамоюлҳо ва дурнамои рушди ин низом дар ҷумҳурӣ ибрози андеша кард.
Дар 5 бахши конфронс масъалаҳои тамоюлҳои байналмилалӣ ва миллӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ, ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти касбӣ бо сохторҳои тиҷоратӣ, рақамикунонии таҳсилоти касбӣ, баланд бардоштани иқтидори кормандони низоми таҳсилоти касбӣ ва маблағгузории соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор гирифт. Намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ дар бораи дастовардҳо ва самтҳои рушди таҳсилоти касбии кишвар маъруза карданд.
Дар доираи конфронс дар мавзуъҳои иқтисоди сабз, таҳияи стандартҳои касбӣ, рушди сифати таҳсилот, роҳнамоии касбӣ ва низоми электронии идоракунии таҳсилотдарсҳои маҳорат (мастер-класс) ташкил карда шуданд. Илова бар ин, ширкаткунандагони чорабинӣ аз чанд муассисаи таълимии шаҳри Тошканд диданкарда, бо фаъолияти корхонаҳо дар самти таҳсилоти дуалӣшинос шуданд.
Дар муҳокимаи ҷамъбастӣ масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъдаи минтақавӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ баррасӣ шуданд.