КОНФЕРЕНСИЯ: “НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР РУШДИ ИЛМУ МАОРИФИ КИШВАР”

23-05-2022
23-юми майи соли ҷорӣ бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Нақши ҷавонон дар рушди илму маорифи кишвар” доир гардид, ки дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода, муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд. 
Нахуст, Р.Саидзода-вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ зимни баромади худ иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустмарҳилаи фаъолияти худ маорифро дар сиёсати давлатӣ соҳаи афзалиятнок ва меҳварӣ эълон намуда, ба ислоҳоти куллии ин соҳаи тақдирсози миллат асос гузоштанд. Маҳсули ин ислоҳот буд, ки дар кутоҳтарин фурсат бо афзудани ҳаҷми маблағгузории соҳа ва боло рафтани музди маоши омӯзгорон, дастгириҳои давлатӣ аз ин қишри муҳими ҷомеа, аз ҷумла таъсиси Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавонон дар риштаи илм (соли 1998), Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф (соли 2006), Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимон ва омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ (соли 2020), пешниҳоди имтиёзҳо, додани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба омӯзгорони ҷавон ва амсоли ин дар баробари болоравии сатҳу сифати таълим низомҳои пешқадами мактабу маориф ҷорӣ гардиданд. Дар канори ин, стипендияҳои номии президентӣ барои аспирантон ва олимони ҷавон, квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирӣ ва ҷалби духтарону писарони деҳот ба таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таъсис дода шуд. 
- Вазорати маориф ва илм барои ба роҳ мондани ташаббусҳои навин ва татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон тадбирҳои зарурӣ меандешад. Ҳамин аст, ки аз ҷониби вазорат ҳамасола озмунҳои “Грантҳои хурд ҷиҳати ҷалби донишҷӯён ба таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва кашфиёту ихтироъкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Навовари беҳтарин” ва “Донишҷӯ ва пешрафти илму техника” бо иштироки теъдоди зиёди донишҷӯён баргузор карда мешавад. Мақсаду ҳадафи баргузории озмунҳои мазкур дарёфти чеҳраҳои тоза дар бахшҳои илму маориф, ихтироъкориву навоварӣ мебошад. Эълони солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” имконият дода истодааст, ки ҷалби таваҷҷуҳи хонандагону донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои мазкур ва эҷоди кашфиёту навовариҳо ва дар ин замина расидан ба ҳадафҳои бузурги давлатӣ-эълони солҳои 2022-2026 ҳамчун солҳои рушди саноат вусъати бештар касб намояд. Боварии комил дорем, ки дар заминаи чунин ҳадафҳои бузурги давлатӣ мо тарбияи мутахассисони ҷавони риштаҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзиро таъмин намуда, ба равнақи илмҳои мазкур аз ҳисоби олимон ва муҳаққиқони ҷавон муваффақ хоҳем гардид,-қайд кард вазири маориф ва илм. 
Сипас, Г.Шарофзода-намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба саҳми Пешвои миллат дар пойдории давлатдорӣ ва дастгирии ҷавонон ибрози андеша намуда, ҳамзамон, даъват ба амал овард, ки ҷавонон дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва муаррифии дастовардҳои даврони соҳибистиқлол саҳми шоиста гузоранд. 
Дар идома, Ғайратшо Шоев-номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Нақши олимони ҷавон дар рушди илмҳои гуманитарӣ” ва Фирдавс Алиев-номзади илмҳои техникӣ, декани фекултети сохтмон ва меъмории Донишгоҳи давлатии Данғара дар мавзуи “Саҳми олимони ҷавон дар татбиқи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”” маъруза намуданд. 
Дар охири чорабинӣ аз ҷониби вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода ба як қатор омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ, аз ҷумла ба Хоҷаабдулазиз Мирзоев-омӯзгори мактаби Президентӣ барои хонандагони лаёқатманд дар шаҳри Кӯлоб, Мақсуда Хоҷакалонова-омӯзгори Литсейи №1-и шаҳри Бохтар, Файзалӣ Қаюмов-омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и ноҳияи Кӯшониён, Меҳриниссои Доробек-омӯзгори мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Данғара, Азмиддин Убайдов-омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ноҳияи Мастчоҳ, Абдурасул Абдунабиев-омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Қурбонгул Содиқова-омӯзгори Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, Шаҳром Ҷалилов- омӯзгори Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе, Баҳром Назаров-омӯзгори Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов, Шодибек Қурбонов-омӯзгори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Давлат Каримов-сардори шуъбаи таълими Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе, Гулрухсор Мирзоева- декани факултети технологияҳои насоҷӣ ва дӯзандагии Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе, Юлия Рашектаева-омӯзгори Коллеҷи хореографии Тоҷикистон ба номи Малика Собирова, Ҳусейн Файзуллозода-декани факултети тарбияи ҷисмонии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов, Гулнора Анварова-сардори Маркази дарёфти лоиҳа ва гранҳои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, Фирдавс Арабов-сардори раёсати таълими Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода, Абдурашит Ҷабборов-мудири Маркази бақайдгирӣ ва машварати Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Саидахон Солихоҷаева- дотсенти кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Сайҳомид Ҷаъфаров-иҷрокунандаи вазифаи декани факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Шоҳин Ҷӯраев-муаллими калони кафедраи “Электроэнергетика”-и Филиали Донишгоҳи миллӣ-тадқиқотии “Донишкадаи энергетикии Москва” дар шаҳри Душанбе, Муҳриддин Ҳабибуллозода-мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ ва фаъолияти соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Рустамҷон Давлатов-муовини декан оид ба корҳои таълимии факултети физикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Баҳром Шарипов- дотсенти кафедраи “Иқтисодиёт ва менеҷмент”-и филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ (МИСИС) дар шаҳри Душанбе, Хайрулло Абдуллоев-мудири кафедраи “Таъминоти барқ ва бехатарии электрикӣ”-и факултети “Электроэнергетикӣ”-и Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ва Эраҷ Ғозиев-котиби илмии раёсати илми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” тақдим карда шуд. 
Ҳамзамон, Давлатёр Юсупов-омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и ноҳияи Шоҳмансур, Искандар Қаландаров-омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Фирдавсӣ, Эркинҷон Воҳидов-омӯгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44-и ноҳияи Варзоб, Қамариддин Солиҳов-омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и ноҳияи Нуробод, Саймуддин Юнусов-омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Роғун, Мастона Ҷумаева-омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и ноҳияи Рӯдакӣ, Қурбоналӣ Назифов-омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и ноҳияи Тоҷикобод, Комилҷон Зиёдуллоев-омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №92-и шаҳри Турсунзода, Шердил Назирзода-омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30-и ноҳияи Файзобод, Тоҳир Холиқов-омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Шаҳринав, Самовуддин Кенҷаев-омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52-и ноҳияи Рашт, Ҷамшед Ҳакимов-омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и шаҳри Ҳисор, Маъруфҷон Абдуллоев-мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш, Диловар Саъдуллоев-омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Данғара, Далер Бегмадов-омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-и ноҳияи Ш. Шоҳин, Анвар Бобоҷонов-омӯзгори Гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд, Одил Фозилов-омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Истиқлол, Хушрӯзҷон Темиров-омӯзгори Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон, Парвиз Ҷӯраев-омӯзгори муассиси таълимии ғайридавлатии “Ҷӯраев”-и шаҳри Конибодом, Камила Сариева-декани факултети санъати тасвирии Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов, Шуҳрати Боғибек-мудири кафедраи тиббии ҳолатҳои фавқулодда, мудофиаи шаҳрвандӣ ва омодагии ибтидои ҳарбии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, Ромиш Ашуров-декани факлтети омодагии дифои ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонии Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, Зоир Соҳибӣ-мудири кафедраи фанҳои тахассусии Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, Шаҳриёр Турахонзода-ассистенти кафедраи моделсозии математикӣ ва иттилоотии факултети технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Ситора Абдумуминзода-муовини ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Аълохуҷа Холов-мудири кафедраи забон ва адабиёти арабии Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам, Мутриба Ансорова-декани факултети забонҳои хориҷии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, Умедҷон Наимов-мудири кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои зеҳнии Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, Акмал Холов-муовини декани факултети иедиатри Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, Насиба Шаропова-омӯзгори калони кафедраи “Иқтисодиёт ва менеҷмент”-и Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, Низомуддин Зайнуддинзода-ёвари ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ, Парвиз Мирзоев-мудири кафедраи ҳуқуқ ва ҳуқуқшиносии муқоисавии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳусейн Саторов-муаллими калони кафедраи назарияи иқтисодӣ ва иқтисоди ҷаҳонӣ Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон, Муҳаммадмурод Бобоҷонов-муовини декани факултети “Сайёҳии кӯҳӣ”-и Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов, Манижа Маҷонова-мудири кафедраи бемориҳои сироятии кӯдаконаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино, Умеда Сангинова-сардори шуъбаи ташкил ва банақшагирии илм ва инноватсияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, Ҳайдар Муслимзода-ёвари ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода, Сурайё Саидова-омӯзгори Маркази таълимӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Шарифҷон Шарипов-омӯзгори Гимназияи №2-и ноҳияи Шоҳмансур, Меҳрафрӯз Шерализода-омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и ноҳияи Сангвор, Баракатулло Ҳимаев-омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳияи Лахш, Холаҳмад Зокиров-омӯзгори Коллеҷи техникӣ-технологии назди Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳматуллои Ғуломқодир-сардори шуъбаи таълими Коллеҷи кӯҳӣ ба номи С.Юсупова дар назди Донишкдаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, Муҳаммадхуҷа Абдуллоев-мудири кафедраи таъминоти барқии Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, Фирдавс Алиев-декани факултети сохтмон ва меъмори Донишгоҳи давлатии Данғара, Ҷаҳонгири Абдулвоҳид-сардори маркази инноватсионии рушди истеъдодҳо ва парки технологии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, Сафаралӣ Холов-декани шуъбаҳои “Кори фармасевтӣ”, “Кори табобати дандон” ва “Кори дандонсозӣ”-и Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон ва Диловар Хоҷаев-мудири кафедраи андоз ва суғуртаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. 
БАХТОВАР САФАРОВ, 
корманди Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илм