КӮМАКИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ҶАМЪОВАРИИ ТИЛЛОИ САФЕД

05-11-2023
Имрӯз, 5 ноябри соли 2023 бахшида ба 29-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти кишоварзӣ ва иқтисодӣ, мусоидат дар рушди бомароми иқтисоди миллӣ  кормандони Вазорати маориф ва илми кишвар, раёсати маорифи вилояти Хатлон, шуъбаи маорифи ноҳияи Кушониён ва омӯзгорон бо роҳбарии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси ноҳияи Кушониён Икромиддин Вализода дар ғундоштани тиллои сафед дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Кӯшониён фаъолона ширкат карданд. 
Ҳашари дастаҷамъонаи ҷамъоварии тиллои сафед аз ҷониби аҳли заҳмати ноҳия хуш қабул гардида, дар он беш аз 2000 нафар иштирок намуданд. Чунин ҳашарҳои дастаҷамъона имкон медиҳад, ки намояндагони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар дастгирии соҳаи кишоварзӣ ва рушди иқтисоди миллӣ саҳми худро гузоранд.
Кормандони соҳаи маориф бо азму иродаи оҳанин нишон доданд, ки дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар фаъолона иштирок дошта, таҳти роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалишавии ҳадафҳои созандаи кишвар устуворона қадам мегузоранд.
Ҳамин тавр, кормандони соҳаи маориф ва омӯзгорон дар рӯзи истироҳатӣ тавонистанд, ки барои беталаф ҷамъоварӣ кардани ҳосили боранҷпарвардаи марди деҳқон кӯмаки арзандаи худро расонанд. 
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон